Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои ободонӣ дар Кӯлоб қаноатманд гашт

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенӣти Тоҷикистон имрӯз дар Қасри миллат нахустин маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.Нахустин маҷлис таҳти сарварии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат баргузор шуд.

Сараввал ҳисоботи раиси шаҳри Клоб шунида шуд, иттилоъ медиҳад манбаъ.

"Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ҳисоботи раиси шаҳри Кӯлоб шунида шуд",- қайд мекунад хадамоти матбуоти президент.

Тибқи ахбори манбаъ  Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ аз рафти корҳои ободонӣ тибқи супориши ҳукумат дар шаҳри Кӯлоб қаноатманд гашт.

Эмомали Раҳмон дар ифтитоҳи ботантанаи роҳи оҳани нав - Sputnik Тоҷикистон
Президент роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлобро ба истифода дод

Президент ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба бартараф кардани баъзе камбудиҳо, аз ҷумла аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо дар масъалаи истифода ва пардохти ҳаққи неруи барқ, таъмини гармӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии амалҳои ҷиноятӣ дар самти истифодаи замин дастуру супоришҳо дод, менависад дафтари матбуот.

Инчунин дар  маҷлис дар бораи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода ва Нақшаи генералии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузориши раисони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Хуросон шунида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда ва иҷрои дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба тезонидани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба масъулини вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дастуру ҳидоятҳо дод, хулоса мекунад хадамоти матбуоти президент.

Лентаи хабарҳо
0