Чин коркарди тиллоро дар Тоҷикистон ба 5 тонна баробар кард

© FlickrТилло. Акс аз бойгонӣ
Тилло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соли 2016 бо шарофати азнавсозии корхонаи коркарди тилло истеҳсоли он ба 5 тонна баробар карда шуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон дар давоми соли 2016-11% зиёд шуда, 5 тоннаро ташкил дод.

Ба қавли вазири саноати Тоҷикистон Шавкат Бобозода, Тоҷикистон тавонист ҳадди психологиро убур карда, 5,04 тонна тилло истеҳсол кунад.

Ба туфайли  ба пуррагӣ ба кор даромадани шаш корхонаи тиллобарории Тоҷикистон даст дод, то истеҳсоли филизоти қимматбаҳо дар мамлакат зиёд карда шавад.

Ҳамин тавр корхонаи истихроҷи тиллои КМ "Зарафшон" дар давоми соли 2016-3,3 тонна, "Апрелевка"-590 кило, корхонаи давлатии "Тиллои тоҷик"-570 кг тилло истеҳсол кардааст.

Тилло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон 2% боло рафт

Дар баробари ин дар давоми 9-соли охир ширкати кӯҳии Чин, ки 75%-и аксияҳои КМ "Зарафшон" ба он тааллуқ дорад, барои азнавсозии корхонаи истихроҷи тилло 306 миллион доллар ҷудо кард.

Дар нақша ҳаст, ки имсол истеҳсоли тилло дар кишвар ба 5,3 кило расонида шавад.

Бобозода ҳамчунин қайд кард, ки истеҳсоли нуқра дар соли гузашта 3,2 тоннаро ташкил дод, ки ин натиҷа нисбат ба соли 2015-200 кило зиёдтар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0