Тоҷикистон аз ҷиҳати порадиҳӣ мақоми 151-умро сазовор шуд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкДодани пора. Акс аз бойгонӣ
Додани пора. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ҳама беш кишварҳои Аврупо, Канада, Сингапур ва Зеландияи Нав бо фасод мубориза мебаранд

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи рейтинги фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон аз байни 176 кишвар дар мақоми 151-ум ҷой гирифт.

Ташкилоти ғайридавлатии Transparency International натиҷаи тадқиқоти солонаро оиди фасодзадагии кишварҳои ҷаҳон нашр кард.

Дар рӯйхат 176 давлати дунё дохил шуда, Тоҷикистон дар мақоми 151-ум қарор гирифт. Ҳар қадаре, ки кишвар дар рӯйхат дар сатри баландтар ҷойгир бошад, ҳамон қадар сатҳи фасод дар он зиёд аст.

Мувофиқи натиҷаи тадқиқот ҷои аввалро аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон ва Русия гирифта, ҳарду дар мақоми 131-ум ҷойгир шуданд. Қирғизистон аз ин кишварҳо каме ақиб монд.

Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши коррупсия: прокуратура 2, маориф 4 ва тиб 5 баробар ...

Ҷои сеюм аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақоми 151-ум аз они Тоҷикистон шуд. Баъдтар Туркманистон-154 ва Узбакистон 156 қарор гирифтанд. Дар сатри охирони рӯйхат Афғонистон-169 ҷой гирифт.

Ягон кишвари дунё аз ҳакамон баҳои баланд нагирифтааст. Дар баробари ин аз ҳама хуб Дания бо фасод мубориза мебарад.

Ҷои дуюми рейтингро Зеландияи Нав ба худ ихтисос дода, мақоми сеюм насиби Финляндия гардид. ИМА дар ҷои 16-ум қаро дорад. Дар умум қайд мешавад, ки дар мамолики Осиё ва Аврупо нисбат ба соли гузашта натиҷаҳо қариб ки бетағйир мондаанд.

"Рукуд, маънои онро надорад, ки сатҳи мубориза бар зидди фасод дар кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон афзудааст. Дар аксари кишварҳо набудани масъулият, эҳсоси беҷазо мондани элитаи кишварҳоро зиёд мекунад",-омадааст дар хабарнома.

Лентаи хабарҳо
0