Фаъолияти собиқ раиси Душанберо Оҷонсии зидди фасод месанҷад

Фаъолияти кории собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро Оҷонси зидди фасод, барои саҳмгузорӣ дар барномаи “Манзили дастрас” месанҷад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Оҷонсии молияи давлатӣ ба мубориза бар зидди фасоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тафтиши фаъолияти собиқ мири шаҳри Душанбе оғоз кард.

Дар ин бора муовини раиси Оҷонсии мубориза бар зидди фасод Абдукарим Зарифзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба қавли ӯ бояд чанд аризаи шикоятӣ, ки аз ҷониби сокинони шаҳр пешниҳод шудааст, бояд омӯхта шаванд.

Хабар дода шуд, ки санҷишҳо асосан дар бастагӣ бj азхудкунии маблағҳои буҷа ва саҳмгузорӣ дар "Манзили дастрас" сурат мегиранд.

Ёдовар мешавем, таъини раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кишвар тағйиротҳои зиёдро дар пай овард.

Маҳмадсаид Убайдуллов то ин дам раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва наздики 20 сол раиси шаҳри Душанбе буд. Лоиҳаи "Манзили дастрас" соли 2013 бо дастгирии шаҳрдори Душанбе ба роҳ монда шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала