Коршинос: маорифи ФР бояд ба фарзандони муҳоҷирон кӯмак кунад

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксОбучение мигрантов русскому языку. Архивное фото
Обучение мигрантов русскому языку. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чӣ чиз дар низоми маорифи Федератсияи Русия барои ҳамгироӣ дар ҷомеа ба фарзандони муҳоҷирон мушкил эҷод мекунад

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Ба қавли коршиносон мушкили асосӣ барои кӯдакони хориҷӣ дар ФР қабл аз ҳама  ҳамгироии забонӣ мебошад.

Ин натанҳо мушкилоти муҳоҷирон, балки мушкилоти умумирусиягӣ аст.

"Забондонии аксари кӯдаконе, ки аз минтақаҳои дурдасти Русия ҳастанд, нисбат ба кӯдакони муҳоҷирон беҳтар нест",-қайд кард коршинос.

"Ва баръакс ҳастанд, кӯдаконе, ки дар мактаб бо забони русӣ аз маскавбудагиҳо дида беҳтар сӯҳбат мекунанд",-мегӯяд Мария Котовская, раиси комиссия оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ ва муҳоҷират.

Мактаббачагони мактаби рақами 16-и шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Барои чӣ забони русӣ ба хонандагони тоҷик дастнорас мешавад

Ба фикри ӯ давлат ва ҳукумат бояд дар навбати аввал ба чунин мактабҳое кӯмак расонанд, ки дар онҳо дар баробари шаҳрвандони Русия кӯдакони муҳоҷирон дарс меомӯзанд, на ба мактабҳое, ки соҳиби рейтинги баланд ҳастанд.

Дар баробари ин муҳим аст, ки шаҳрвандони кишвари қабулкунанда (дар айни ҳол Русия) бояд каме ҳам бошад дар бораи таъриху фарҳанги давлатҳои ҳамсоя маълумот дошта бошанд.

"Нигоҳ кунед, дар китобҳои таърих-пурра дар бораи Ганнибал нақл карда мешавад, вале дар бораи кишварҳои ИДМ хеле кам аст. Чӣ гуна мо метавонем ба шаҳрвандони Русия дар бораи фарҳанги бойи тоҷикон нақл кунем, агар онҳо танҳо дар бораи мардикории тоҷикистониён дар Русия медонанду халос",-шарҳ дод Котовская ба Sputnik Тоҷикистон.

Коршинос таҷрибаи маорифи Фаронсаро мисол оварда мегӯяд, ки дар он ҷо мактабҳо ба сифати олӣ ва паст ҷудо мешаванд ва албатта кӯдакони муҳоҷирон дар макотиби сатҳаш паст дарсомӯзӣ мекунанд. Ки ин амал дар охир ба нобаробариҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеа оварда мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала