Тоҷикистон раванди гирифтани раводидро ба собиқ шаҳрвандонаш содда намуд

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд” ба имзо расонид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

ДУШАНБЕ,29янв —Sputnik. Лоиҳаи қарори мазкур қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро муайян мекунад, омадааст дар хабари хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Торномаи нави электронӣ барои гиирфтани раводид. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Гирифтани раводид осон мешавад: низоми нави судури раводид дар Тоҷикистон

Дар қарор дар бораи навъу намудҳои раводид, номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ва раводиди электронӣ, муҳлати амали он, тартиб ва муҳлати баррасии дархостҳо, пардохти хироҷи консулӣ барои додани раводид ва асос барои рад кардани раводид, тасдиқи барасмиятдарорӣ ва додани тасдиқи даъват, тамдиди муҳлат, бекор ва барқарор кардани раводид, баҳисобгирии раводиди додашуда, ҷавобгарии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд гуфта мешавад.

Дар ҳуҷҷати баимзорасида номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, нишон дода шудааст.

Гуфта мешвад, ки мақсади қабули қоидаҳои зикршуда мукаммал намудани низоми барасмиятдарорӣ ва додани раводид, раводиди электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошад, ки аз 1 июни соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда истодааст.

Дар қоидаҳои нав ҳамчунин як қатор дигаргуниҳо ворид шудаанд, ки барои содда намудани раванди гирифтани раводид ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва ҷалби сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ равона шудааст.Аз ҷумла, дастрасӣ ба раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифи муваққатӣ содда карда шудааст.

Илова бар ин, ҳайати сарнишинони ҳавоӣ, ки ба хазматрасонии ҳавопаймоҳо машғул мебошанд, метавонанд бидуни раводид дар асоси Эъломияи умумӣ мутобиқи талаботи ИКАО ворид ва хориҷ шаванд. Ҳамчунин ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводиди сармоягузорӣ соддатар ва фасеҳ шудаанд.

Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо баҳри дастрас кардани раводид шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва барои тамдиди раводид ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд, хулоса мекунад дафтари матбуот.

Лентаи хабарҳо
0