Ғолибияти Хушбахт Қурбонмамадов дар сабқати ҷудо дар Ню-Йорк

© Фото : Из личного архива Хушбахта КурбонмамадоваХушбахт Курбонмамадов, Акс аз бойгонӣ
Хушбахт Курбонмамадов, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи навбатӣ дар риштаи ҷудо, ки дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор гардид, дар ду вазн ғолиб омад

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik.  Дар иёлоти Ню-Ҷерсии ИМА санаи 29-уми январи соли равон сабқати байналмиллалии  "Garden State Judo Classic" дар риштаи  ҷудо баргузор гардид.

Хушбахт Қурбонмамадов-варзишгари тоҷик дар ду вазн 66 ва 73 кг баромад карда, нӯҳ рақиби худро мағлуб кард.

Ҳамин тавр варзишгари тоҷик дар сабқати байналмиллалӣ дар ҳарду вазн ғолибият ба даст оварда, мақомҳои аввалро аз худ кард. Хушбахт Қурбонмамадови 23 сола дорандаи камарбанди сиёҳ, устоди варзиши сатҳи байналмиллӣ мебошад.

"Қабл аз ҳама Худои таъолоро шукрона мегӯям. Ба волидонам, барои фароҳам овардани чунин имконият, ба бародарон, ки маро дар инҷо дастгирӣ карданд ва албатта ба устодам изҳори миннатдорӣ менамоям",-навиштааст, Хушбахт дар саҳифаи фейсбуки худ.

Ёдовар мешавем, ки ин ғолибияти нахустини Хушбахт набуда, қаблан ӯ дар сабқатҳои бонуфуз соҳиби шаш медал гардида буд.

Эргаш Маҳмадбеков дар маросими ҷоизагирии  Миллион на добрые дела дар шаҳри Иркутск - Sputnik Тоҷикистон
Эргаш Маҳмадбеков: шаҳри Иркутскро маркази дзюдо гардонидем

Бино ба иттилои расонаҳо ӯ нахуст дар мусобиқаи "The Big Apple Judo Classic-2016" дар Ню-Йорк дар вазни то 66 кг мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин Хушбахт дар ин мусобиқа дар вазни то 73 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Баъдан Қурбонмамадов дар мусобиқаи дигар "51-st Annual Dallas invitational Judo", ки дар Техаси ИМА барпо гардид, барои ҷойи севум медали биринҷӣ гирифт.

Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи "18-th Annual Northeastern Judo Championships", ки дар иёлоти Ню Ҷерсии ИМА доир шуд, боз соҳиби се медал гардид. Ӯ дар вазни то 66 кг барандаи медали тилло шуд, дар вазнҳои то 73 кг ва то 100 кг медалҳои биринҷӣ гирифт.

Лентаи хабарҳо
0