Фурӯши чиптаҳо ба парвози Душанбе – Тошканд оғоз шуд

© Sputnik Амир ИсаевФурудгоҳи байналмиллалии Душанбе
Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандоне, ки раводид ба даст овардаанд, метавонанд ба самти Тошканд аз Душанбе чипта харидорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Фурӯши чиптаҳо ба парвози Душанбе — Тошканд, ки ширкати ҳавоии "Сомон-Эйр" ба анҷом мерасонад, сар шуд. Аммо чиптаҳоро танҳо дар ҳолати доштани раводид метавон ба даст овард.

Ҳавопаймои ширкатҳои ҳавоии Узбакистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ду парвоз дар як ҳафта: Душанбе ва Тошкандро алоқаи ҳавоӣ мепайвандад

Нархи чиптаро худи сомонаи "Сомон Эйр" қайд мекунад, ки 177 евроро ташкил медиҳад. Хоҳишмандон ва ё шаҳрвандоне, ки аллакай раводид ба даст оварда, хоҳиши парвоз ба Ӯзбекистонро доранд, метавонанд бо нархи 1 ҳазору 503 сомонӣ чипта ба даст оранд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба имзои созишномаи парвозҳо омода мебинанд ва дар ояндаи наздик ҳуҷҷат омода шуда, парвозҳо оғоз меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз соли 1992, зимни шурӯъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала