Мина, роҳ, баҳс бо Узбакистон ва дигар мушкилоти сарҳадӣ

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкСарҳадбонони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Сарҳадбонони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кадом мушкилотро мебояд Тоҷикистон барои дар харита нигоҳ доштани ҳудуди худ дар оянда ҳал кунад

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik, Рубен Гарсия. Ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои муҳими марзӣ аз ҷумла, аломатгузории сарҳадиро муҳокима карданд.

Мавзӯи марказии вохӯрии гурӯҳи кории ду кишвар, ки ҳафтаи гузашта оид ба амломатгузорӣ дар  сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд, барқарор кардани ҳамкориҳои сарҳадӣ ва савдои байни ду кишвар гардид.

Сарҳадбонон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Низоъ дар сарҳад: кӯчаи тангро 100 милиса посбонӣ мекунанд

Раҳимбек Бобохонов доктори илмҳои таърих, намояндаи маркази тадқиқотии Академияи илмҳои Русия мегӯяд, ки кори бо муваффаққияти комиссия натиҷаи ибрат гирифтан аз хатогиҳои гузашта аст.

"Ба наздикшавии намояндагони сарҳадии ду кишвар таҷрибаи талхи баҳси сарҳадии Узбакистону Қирғизистон дар давраҳои Ислом Каримов, аз ҷумла бархӯрдҳо дар шаҳри Ош замина гузошт. Ҳукумати се кишвар  ахиран дарк карданд, ки масъала бояд ҳал шавад. Ягона мушкилот ин аст, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тақсимоти ҳудудӣ, аз нуқтаи назари минтақавӣ осон нест",-мегӯяд олим.

Ба қавли ӯ дар баъзе аз манотиқи сарҳадӣ, ҳастанд заминҳое, ки қисман ба Тоҷикистон ва қисми дигараш ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Дар баробари ин ҳолатҳое ҷой доранд, ки дар минтақаҳои ба Қирғизистон дахлдошта, шаҳрвандони Тоҷикистон ва баръакс  шаҳрвандони Қирғизистон дар манотиқи ба Тоҷикистон тааллуқдошта зиндагӣ мекунанд. Ва фикр намекунам, ки касе аз онҳо нияти кӯч бастанро дошта бошад.

Мушкилоти ба ин монанд миёни Тоҷикистону Узбакистон низ ҷой дорад, ки бояд ҳал шавад.

"Махсусан ин масъала дар манотиқи гуногуни вилояти Суғд шиддат дорад, чун ин ҷо натанҳо марзҳои баста-балки онҳо дар ҳақиқат пур аз минаҳо мебошанд",-шарҳ дод Бобохонов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Сухан дар бораи марзҳое меравад, ки ҳанӯз дар давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, баҳсҳоро ба бор овард. Он замон зиддиятҳои сарҳадӣ боиси муқовимати ҷиддӣ миёни элита гардида буд.

Дар натиҷа ҳукумати ҳар ду кишвар сиёсати ҷудошавиро пеш гирифта, дар бораи ҷорӣ намудани низоми раводид, манъи хатсайрҳои ҳавопаймоӣ ва ҷониби Узбакистон ҳамчунин ба вайрон кардани роҳи оҳан шурӯъ карда, дар баъзе аз минтақаҳои сарҳадӣ минаҳо гузошт.

Новобаста аз он ки роҳабрияти нави Узбакистон, Шавкат Мирзиёв нияти бо Тоҷикистон наздик шудан дораду, аллакай дар баъзе аз соҳаҳо ин наздикшавӣ дст додааст, масъалаҳои заминиро ҳал кардан душвортар хоҳад буд.

"Дар ин минтақаҳо аҳолӣ хеле зич дар деҳаҳои алоҳида зиндагӣ мекунанд. Дар ин минтақа замин барои коркард ва об барои обёрии замин намерасад. Барои ҳамин ман фирк мекунам, ки Узбакистон мавқеи худро ҷидддӣ нигоҳ медорад, чун ҳама гуна созиш юоиси паст шудани ифтихори миллиии узбекон мешавад,-мегӯяд Аджар Куртов коршиноси  донишгоҳи тадқиқотии Русия оид ба ИДМ.

Дар баробари ин тақсимоти пурра ҳалли масъалаҳои роҳи оҳан ва роҳи мошингардро дар пай дорад, ки аз ҳукумати кишварҳо иқдоми сиёсӣ, хароҷоти молиявӣ ва чандирии муайяни ҳуқуқиро талаб мекунад.

"Дар давраи ИҶШС роҳҳо бо дарназардошти хароҷоти камтарин ва хатсайри кӯтоҳ сохта мешуд ва аз кадом минтақа убур кардани роҳ муҳим набуд. Роҳ бошад метавонад аз чанд минтақаи кишварҳои гугогун гузарад. Ва дар ҳар як нуқтаи сарҳадӣ, ҳукуматдорон кӯшиш мекунанд,  аз аҳолӣ ҳар чӣ бештар пул ситонанд",-шарҳ медиҳад Куртов.

Донишҷӯёни Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сулҳ дар сарҳад: ҷавонони тоҷик ва қирғиз масъалаҳои сарҳадиро ҳал мекунанд

Вале ба муқобилияти таърихии ҳукуматҳои Узбакистону Тоҷикистон нигоҳ накарда, коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки чун амалиёти аломатгузории сарҳадӣ шурӯъ шуд, дер ё зуд ин масъала бо мувафаққият ҳал хоҳад гардид.

Ёдовар мешавем, ки муноқишаи сарҳадӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ шуд. Дар давраи ИҶШС бошад, тақсимоти марзӣ  бо назардошти таркиби қавмии минтақаҳо амалӣ карда мешуд. Дар баробари ин ҳукумат деҳаҳоеро, кии дар минтақаи дигар кишвар мавҷуд буданд, кӯчонидан намехост. Ин амал ба принсипи байналмиллалии пролетарӣ мувофиқат намекард.

Ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол баъди чанде баҳсро сари ба кадом давлат таърихан тааллуқ доштани ин ё он минтақа шурӯъ карданд.  Зиёда аз ин баҳсҳо болои заминҳои назди Фарғона, ки имконияти додани чанд ҳосил дар як солро доранд, пурзӯр шуданд.

Аксари вақт баҳсҳои ба ҳамин монанд бо задухӯрдҳои шадид анҷом меёфт. Мисоли маҳзунангез ҳодисаи соли 2010-и шаҳри Ош мебошад, ки дар натиҷаи задухурди байниқавмӣ 800 нафар ба ҳалокат расида буд.

Лентаи хабарҳо
0