Сафорати ҶТ дар Русия бо фарҳангиёни тоҷик вохӯрӣ намуд

© Фото : Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар РусияВохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия бо Зулфияи Миршакар
Вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия бо Зулфияи Миршакар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз мавзӯи асосии вохӯрии сафир ва фарҳангиёни тоҷик ташкили чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикситону Русия гардид

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik.Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия вохӯрии Сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон Имомауддин Сатторов бо чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистону Русия Зулфия Миршакар —  духтари шоири машҳури тоҷик Мирсаид Миршакар  ва Валерий Аҳадов — коргардони кино баргузор гардид, хабар медиҳад Сафорати ҶТ дар Русия.

Зулфия Миршакар — актриса, номзади илмҳои филологӣ дар вохӯрӣ ба сафир китоби худ — "Вкус Мёда"("Маззаи асал)-ро тақдим кард.

Яке аз мавзӯи асосии вохӯрии сафир ва фарҳангиёни тоҷик ташкили чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикситону Русия гардид, қайд мекунад хадамоти матбуоти сафорат.

© Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар РусияИмомуддин Сатторов ва Зулфия Миршакар дар Сафорати ҶТ дар Русия
Имомуддин Сатторов ва Зулфия Миршакар дар Сафорати ҶТ дар Русия - Sputnik Тоҷикистон
Имомуддин Сатторов ва Зулфия Миршакар дар Сафорати ҶТ дар Русия

"Умедворам, ки дар чорчӯбаи чорабиниҳои бахшида ба барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия китоби "Маззаи асал"  ва филми машҳури коргардон Валерий Аҳмадов — "Храмой дарвеш"("Дарвеши ланг")"дар Маскав руйнамоӣ мешаванд",- гуфт дар сӯҳбат Имомуддин Сатторов.

Лентаи хабарҳо
0