Ғоратгарони муҳоҷирони тоҷик дар Русия муҷозот мешаванд

© AP / Ben Fox Маҳбас. Акс аз бойгонӣ
Маҳбас. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шаҳри Омск бандаеро, ки муҳоҷирони тоҷикро ғорат карда буданд, ба додгоҳ мекашанд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. ВКД-и вилояти  Омск тафтиши парвандаи ҷиноиро нисбати дуздоне, ки муҳоҷирони тоҷикро ғорат карда буданд, ба итмом расонид.

Дар натиҷаи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ  аз ҷониби кормандони ВКД-и Русия ду сокини 44 ва 56-солаи шаҳри Омск бо иттиҳоми ғоратгарӣ  дастгир гардиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Русия дар вилояти Омск.

Муҳоҷирон дар сохтмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қиссаҳои муҳоҷир аз велосипеди дуздида, то "бачаҳои крутой"-и пулталаб

"Дастгиршудагон дар бандитизм, тамаъҷӯӣ, роҳзанӣ истифодаи силоҳи оташфишон ва гардиши ғайриқонунии силоҳ  айбдор мешаванд",-омадааст дар хабарнома.

Гунаҳкорон аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба қадри аз 50 000 то 300 000 рубли русӣ, дар давоми соли 2012-2014 рабудаанд.  Зарари ба 9-нафар расонидашуда, аз 1,4 миллион рубли русӣ зиёдтар аст.

Дар баробари ин чор ҳаммаслаки дуздон дар ҳоли ҳозир дар кофтукови федералӣ қарор доранд.

Ҳангоми тафтишот аз манзили зисти гунаҳкорон 5 адад таппонча, 2 аслиҳаи шикорӣ, янчанд тирдон, 23 адад силоҳ дарёфт ва мусодира гардид.

Айбдоронро ҷазо ба намуди то 15-соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

Лентаи хабарҳо
0