Мутриба Ҳотамӣ ғолиби озмуни "Зеботарин шоҳмотбоз" гардид

© Фото : Аз саҳифаи Facebook-и МутрибаМутриба Ҳотамӣ ғолиби озмуни "Зеботарин шоҳмотбоз"
Мутриба Ҳотамӣ ғолиби озмуни Зеботарин шоҳмотбоз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мутриба Ҳотамӣ дар озмуни Miss Chess Eurasia 2017 мақоми сеюмро аз худ кард

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Озмуни "Зеботарин шоҳмотбоз"-и АвруОсиё аз ҷониби портали chess.pw. гузаронида шуд. 

Зебосанами тоҷик дар озмун бо гирифтани 653 овоз соҳиби мақоми сеюм гардид.

Мақоми аввал  насиби Жансая Абдумалик шоҳмотбози қазоқ шуда, ҷойи дуюмро  намояндаи Узбакистон Сарвиноз Қурбонбоева  аз худ кард.

Айни ҳол Мутриба дар мусобиқаи байналмиллалӣ, ки дар Эрон баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Мутриба Ҳотамӣ духтари шоҳмотбоззани маъруф Саодат Одинаева буда, чандин маротиба қаҳрамони Тоҷикистон ва дар Олимпиадаи байнулмилалии шоҳмот иштирок кардааст.

Ӯ соли 1997 дар Душанбе ба дунё омадааст. Рейтинги ҷориаш — 1762 (зинаи 4-ум миёни шоҳмотбоззанони Тоҷикистон).

© Фото : Аз портали chess.pwМутриба Ҳотамӣ
Шоҳмотбоздухтари тоҷик Мутриба Ҳотамӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мутриба Ҳотамӣ

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл озмуни зеботарин шоҳмотбози ИДМ баргузор гардид.

Он замон намояндаи Узбакистон дар байни шоҳмотбозон тариқи овоздиҳӣ зеботарин интихоб гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0