Таъини Р.Эмомалӣ ба ҳайси мири шаҳри Душанбе нақзи қонун нест

© Flickr / Сайт президента ТаджикистанаРустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қонунгузории Тоҷикистон зимни ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе интихоб гардидани писари президенти ҶТ вайрон нашудааст, изҳор дошт раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Ҷумъа Давлатов ба рӯзноманигорон

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Зимни интихоби Рустами Эмомалӣ ба ҳайси шаҳрдори Душанбе, қонунгузории Тоҷикистон вайрон нашудааст, менависад РИА Новости  аз қавли раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Думъа Давлатов.

Рустами Эмомалӣ санаи 12-уми январи соли 2017 ба ҷои Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе интихоб гардид.

"Таъини Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе нақзи ягон қонун набуда, идомаи сиёсати дастгирии кадрҳои ҷавон дар вазифаҳои давлатӣ, мебошад",-гуфт Давлатов ва илова намуд, ки "ҳеҷ кас наметавонад ба фарзандони президент ишғоли вазифаҳои давлатиро манъ намояд".

Раиси Агентӣ хабар дод, ки раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои худ бевосита ба сарвазири мамлакат ҳисобот медиҳанд.

Ӯ ёдовар шуд, ки Рустами Эмомалӣ соҳиби се дипломи олии макотиби Тоҷикистон ва хориҷи кишвар мебошад.

"Рӯзҳои аввали корӣ дар ҷои нав ӯ исбот кард, ки аз ӯҳдаи вазифаҳои худ мебарояд. Дар давраи роҳбарии Оҷонсии зидди фасод низ нисбати кори ӯ ягон шикоят набуд",-хулоса кард Давлатов.

© Sputnik Victoria LyubavinaТарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ
Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала