Dolce-и помирӣ: либосҳои Салима барои арӯсу домоди тоҷик дар Маскав

Салима дар Маскав зиндагӣ мекунад ва барои арӯсони тоҷик либоси миллии тӯёна медӯзад. Муштариёни ӯ ҷавононе ҳастанд, ки мехоҳанд тӯйи худро махсусан бо либоси миллӣ гузаронанд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вақтҳои охир шумораи ҷавнони тоҷик, ки тӯйи худро дар Маскав барпо мекунанд, зиёд шудааст. Дур аз ватан будан барои бо тамоми анъанаҳои миллӣ ва либоси арӯсӣ гузаронидани тӯй баҳона намешавад. Ба қавли Салима ҷавонони тоҷики муқими Маскав  ба либосҳои миллӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд.

Либоси арӯсии тоҷикиро дар мағозаҳои Маскав дарёфт кардан душвор, ҳатто номумкин аст. Ба арӯсони тоҷик Салима Худобердиева, ки ба дӯхтани либосҳои арӯсӣ машғул аст, кӯмак мекунад.

"Асосан ман барои арӯсу домоде, ки хоҳиши пӯшидани либоси помириро доранд, либос медӯзам. Матои сафеди абрешимиро аз Максав харидорӣ мекунам, чун сифаташ баланд аст. Вале мешаванд ҳолатҳое, ки муштариён худ маторо аз Тоҷикистон харидорӣ мекунанд. Шерозиро ман аз Тоҷикистон фармоиш медиҳам, чун ин кори дастӣ аст",-нақл мекунад Салима.

© Фото : Группа в ОдноклассникахЛибосҳои дӯхтаи Салима
Жених и невеста на свадьбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Либосҳои дӯхтаи Салима

Аз ҳама муҳим чен кардан

Салима мегӯяд, ки мавсими куртадӯзӣ асосан фасли тобистон аст. Фармоиш чунон зиёд мешавад, ки ҳатто вақти бо тифлаш сайругашт кардан ҳам намеёбад.

"Буданд ҳолатҳое, ки дар як рӯз ман то се курта медӯхтам",-мегӯяд Салима.

Тобистони соли гузашта, дузанда тавонист 15 ҷуфт ҷавонро ба тӯй омода карда, ҳамчунин барои дигар муштариёнаш низ курта дӯзад.

"Одатан куртаи мардонаро ман дар давоми як рӯз медӯзам, вале агар фармоиш оҷилӣ бошад, то ними шаб кор мекунам. Барои дӯхтани шим, костюм ва курта тақрибан як ҳафа вақт лозим мешавад",-мегӯяд дӯзанда.

© Фото : Группа в ОдноклассникахКостюм ва куртаи дӯхтаи Салима
Наряды работы портнихи Салимы Худобердиевой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Костюм ва куртаи дӯхтаи Салима

Сарфи назар аз он, ки дӯхтани куртаи мардона мушкилтар аст, барои омода намуднаи куртаи занона вақти бештар сарф мешавад.

Омода шудани либос ҳамчунин аз худи муштарӣ вобаст аст. Агар ӯ дар вақташ ба ченкунӣ ҳозир шавад, дар охир тӯҳфаи хуберо соҳиб мешавад.

Ҳар як арӯс нотакрор аст

"Вақте арӯсе ба ман барои дӯхтани курта муроҷиат мекунад, дар аввал ман хоҳиши ӯро шунида, баъд маслиҳат медиҳам, то куртаи ӯ такрорнашаванда бошад. Ман мехоҳам, ки ҳар як арӯс дар тӯйи худ нотакрор бошад. Намуди курта аз фикри арӯс вобаста аст. Мо куртаҳоро аз якчанд тарҳ омода мекунем",-мегӯяд бо табассум Салима.

Мешуданд ҳолатҳое, ки курта аллакай омода аст, аммо фикри арӯс дигар мешавад ва маҷбур мешавӣ онро аз сар дӯзӣ. Танҳо як чиз дигар намешавад-рангҳои анъанавӣ барои куртаҳои помирӣ-ранги сурх ва сафед.

Вале бо рангҳо бозӣ кардан қобили қабул аст, масалан куртаро пурра бо ранги сафед ва болопӯшро бо ранги сурх. Вале ҳастанд боз нафароне, ки ба ҷои ранги сурх дигар рангҳоро истифода мебаранд. Масалан дар тӯйи бародараш Салима ба ӯ ва арӯсаш куртаи сафед бо шерозҳои ранги сабз дӯхтааст. Ин тарҳ ҳангоми ҷашнгирии иди Наврӯз ба фикри Салима омадааст.

"Ин намудро мо ҳамроҳи арӯс фикр кардем. Шерозӣ дар асл кори дастӣ набуд, вале мо таовнистем матои ба он монанд дарёфт кунем",-изҳор дошт ҳунарманд.

© Фото : Группа в ОдноклассникахЛибоси омоданамудаи Салима
Наряды работы портнихи Салимы Худобердиевой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Либоси омоданамудаи Салима

Муди ҳаррӯза

Мешаванд ҳолатҳое, ки духтарони мудпараст аз Салима куртаи мардона фармоиш дода онро ҳамроҳи шими ҷинс мепӯшанд.

"Дар айни замон ҷавонон ба либоси миллӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Духтарони 18-19-сола намуди куртаро дигар карда, худи  шерозҳои анъанавиро дар либосҳояшон истифода мекунанд. Ин хеле зебо ва нотакрор аст",-нақл мекунад  Салима.

© Группа в ОдноклассникахДомод ва арӯс бо либосҳои дӯхтаи Салима
Наряды работы портнихи Салимы Худобердиевой, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Домод ва арӯс бо либосҳои дӯхтаи Салима

Куртаҳои арӯсони Тоҷикистон вобаста аз минтақа бо ранг ва намуди худ фақр мекунанд. Масалан дар Помир рангҳои сурх ва сафед истифода мешавад, ки маънои тозагӣ ва муҳаббатро дорад. Арӯс курта ва шими сафед ба бар намуда, рӯи худро бо рӯймоли калон пинҳон мекунад, то аз чашми бад дур бошад. Дар баробари ин аксари духтарон ба пӯшидани фата шавқ доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала