Пеш аз омадани Путин: Русия ба Тоҷикистон ду самолёт интиқол дод

© Sputnik / Антон ДенисовҲавопаймои Су-25СМ, Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои Су-25СМ, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои амалиёти тактикии Су-25СМ ва Су-24М-ро интиқол дод

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҳавопаймоҳо барои анҷом додани тамрини муштараки пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва қувваҳои мусалллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвар интиқол дода шудаанд.

Самолётҳо аз пойгоҳи Челябински Қирғизистон ба фурӯдгоҳи Айнӣ интиқол дода шудаанд, хабар медиҳад хадамоти  матбуоти Округи ҳарбии марказии Русия.

Машқҳои низомӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳарбиёни рус дар Помир чормағзро нишон гирифтанд

Қайд мешавад, ки Су-25СМ ва  Су-24М аллакай дар фазои Помири Шарқӣ парвоз мекунанд.

Дар баробари ин тамрин дар релефи мураккаб, ҳангоми шароити номусоиди боду ҳаво гузаронида мешавад. Чуноне манбаъ мегӯяд, халабонони ОҲМ ҳангоми парвоз низомиёни хушкигардро, ки бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ мубориза мебаранд, кӯмак мекунанд.

Ҳамчунин низомиён дар рафти тамрин, бошишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва дигар обектҳои шартии душманро нобуд мекунанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки ба наздикӣ сафари президенти Русия, Владимир Путин ба Тоҷикистон дар назар аст. Дар бораи ин ҳам сухангӯи президенти ФР Дмитрий Песков ва ҳам муовини нахуствазири Русия Игор Шувалов зимни сафараш ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Коршиносони маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки шояд яке аз сабабҳои асосии сафари Путин дар ихтиёри Русия гузоштани фурӯдгоҳи низомии Айнӣ бошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала