Ҳафт сол мешавад, ки Мавзуна бо бемории худ мубориза мебарад

Ҳафт сол мешавад, ки Аминбекова Мавзуна гирифтори бемории сиррози ҷигар (цироз печени) аст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Аслишо Акимбеков-раиси созмони фарҳангӣ ва минтақавии "Нур", корбари фаъоли шабакаи фейсбук дар саҳифаи худ дар бораи ниёзи Мавзуна ба кӯмаки хайрхоҳон изҳорот нашр кардааст.

Ӯ менависад, ки Мавзуна гирифтори бемории сиррози ҷигар (цироз печени) буда, барои сиҳат шудан ба ҷарроҳии оҷилӣ ниёз дорад.

Ҷаррроҳии оҷилиро танҳо дар хориҷи кишвар гузаронидан мумкин аст ва  арзиши он 40 000 доллари амрикоӣ мебошад.

Хешовандони Мавзуна барои пардохти чунин маблағи калон шароит надоранд ва ба кӯмаки саховатмандон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ниёз доранд.

Афроде, ки имкони ёрӣ ба Мавзунаро  доранд, метавонанд тариқи сомонаи зерин https://www.gofundme.com/madad1 ба ӯ кумак расонанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала