Дипломи Раҳимзода ва мукофоти пулӣ: ба ғолиби озмуни хабарнигори фаврӣ

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкКамера ва микрофон. Акс аз бойгонӣ
Камера ва микрофон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин хабарнигори фаврӣ”-ро эълон менамояд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар озмун рӯзноманигорон, хабарнигорон ва намояндагони ВАО, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дорои истеъдоди хабарнигорӣ мебошанд, метавонанд фаъолона иштирок намоянд, менависад хадамоти матбуоти вазорати корҳои доихилии ҶТ.

Хабарнигорони фаврӣ метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 ва почтаҳои электронии ВКД ҶТ: somona@vkd.tj, vkd.tj@mail.ru истифода намуда, наворҳои худро ирсол намоянд.

Телефони мобилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: тӯҳфа ва маблағи пулӣ барои хабари фаврӣ

Гуфта мешавад, ки беҳтарин наворҳои видеоӣ дар мавзӯъи ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳо аз тарафи комиссияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳӣ шуда, ғолибон муайян карда мешаванд.

"Наворҳо бояд кӯтоҳ, мушаххас ва ба талаботи рӯзноманигорӣ ҷавобгӯ буда, дар муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоянд",-омадааст дар хабарнома.

© Фото : Аз хадамоти матбуоти ВКД ҶТДипломи вазири вазорати корҳои дохилии ҶТ барои хабарнигори фаврӣ
Дипломи Раҳимзода барои хабарнигори фаврӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дипломи вазири вазорати корҳои дохилии ҶТ барои хабарнигори фаврӣ

Озмун ҳар семоҳа ҷамъбаст гардида, барои ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулӣ дода мешавад: барои ҷойи аввал-3000 сомонӣ, ҷойи дуюм-2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм-1000 сомонӣ.

Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0