Зебогии духтарони тоҷик аксбардор аз Ню-Йоркро тасхир кардааст

© Фото : Taimur & Nazir StudioДухтарони тоҷик дар Ню-Йорк. Акс аз бойгонӣ
Духтарони тоҷик дар Ню-Йорк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Назир Аббос бо фахр худро чун тоҷики вахонӣ муаррифӣ мекунаду, ба ҷаҳониён зебогии духтарони тоҷикро нишон медиҳад

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Назир Аббос аксбардор буда, дар шаҳри Ню-Йорк  зиндагӣ мекунад. Ӯ зодаи Покистон асту, зуд зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои духтарони тоҷикро бо либосҳои миллӣ нашр мекунад.

 

Фото опубликовано © Nazir Abbas (@abbas_tajik) Дек 28 2016 в 9:08 PST

 

Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, сабаби дарҷи акси духтарони тоҷикро пурсон шавад.

"Ман дар вилояти Хунзаи Покистон ба дунё омадаам. Соли 2009 ба шаҳри Ню-Йорк кӯчидам",-нақл менкунад Назир.

© Фото : Назир АббасАксбардор Назир Аббос
Фотограф Назир Аббас - Sputnik Тоҷикистон
Аксбардор Назир Аббос

Назир ба ҳайси арт-директор дар маҷаллаи амрикоии Reflection фаъолият мекунад. Дар вақтҳои холӣ, бо самимияти тамом дар кӯчаҳои шаҳр бо суратгир сайругашт мекунаду, ба аксбардорӣ машғул мешавад.

"Ман аксбардрорӣ мекунаму ба ҳайси фрилансер фаъолият дорам",изҳор дошт ӯ.

 

Xik pirchod #xikwor #wakhi #xik #wakhon #pamir #pamiri #culture #tradition #red #colorful #rubab #toqi #fashion #newyork #ny #nyc

Фото опубликовано © Nazir Abbas (@abbas_tajik) Ноя 20 2016 в 5:13 PST

 

Бархе Ню-Йоркро майдони фарҳанги миллатҳои гуногун меноманд, шояд барои ҳамин ҳам ман дар ин шаҳр ҳамеша ҳамватанони худро вомехӯрам.

"Ман аз Тоҷикистон, махсусан аз Помир рафиқони зиёд дорам, чун фарҳанги мо, забони мо (забони вахонӣ-яке аз шохаҳои забони помирӣ) як аст",-мегӯяд аксбардор. Барои ҳамин ҳам Назир бештар духтарони зебои тоҷикро аксбардорӣ мекунад.

© Фото : Назир АббасДухтари тоҷик дар Ню-Йорк
Уроженка Таджикистана в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон
Духтари тоҷик дар Ню-Йорк

"Либосҳои миллии онҳо нотакроранд, аз ин рӯ барои ман танҳо аксбардории худи куртаҳо шавқовар аст. Онҳо ранги баланд доранд. Дар баробари ин ҳар як курта вобаста ба минтақа аз ҳам фарқ мекунад. Қисмҳои ороишӣ дар куртаҳо образи духтарони тоҷикро боз ҳам нотакрор мекунад",-мегӯяд ӯ.

 

Дар қиёс бо намояндагони дигар кишварҳои дунё дар Ню-Йорк тоҷикон каманд. Назир аллакай ҳар як зодаи Тоҷикистонро, ки ин ҷо ба сар мебарад, мешиносад.

"Тоҷикистониён мардуми оддӣ буда, ҳамеша муносибати дӯстона доранд. Онҳо ба ман монанданд, ё ман ба онҳо. Рости гап намедонам, ки онҳо аз дигар миллатҳо ҷӣ фарқият доранд, вале аломатҳои хусусии онҳоро дар сурат дарҷ кардан хеле осон аст",-қайд мекунад Назир.

Аксбардор изҳор дошт, гарчанде, ки вақти зиёди худро бо тоҷикистониён мегузаронад, боре ҳам дар Тоҷикистон набудааст. "Ман нақша дорам, ин тобистон ба Тоҷикистон сафар кунам. Ман бисер мехоҳам, ки якчанд ҳафта дар Душанбе сайру гашт карда, як моҳ дар кӯҳҳои Помир гашту гузор кунам",-нақл мекунад суратгир.

© Фото : Назир АббасДухтари тоҷик дар Ню-Йорк
Уроженка Таджикистана на улице Нью-Йорка - Sputnik Тоҷикистон
Духтари тоҷик дар Ню-Йорк

Аксари мардум аз ӯ суол мекунанд, ки чаро ӯ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ худро ячун Abbas-tajik (Аббос тоҷик-шарҳ аз идора) муаррифӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки қариб ҳар рӯз ба мардум сабаби интихоби лақабашро шарҳ медиҳад.

"Бархе бар онанд, ки ман бояд Аббаси помирӣ мебудам, оё ин фарқе дорад? Мо вахониҳо худро тоҷикони вахонӣ гуфта муарррифӣ мекунем, чун пешдодиёни мо аз Тоҷикистон буданд. Маҳз ба ҳамин хотир ман тасмим гирифтам, ки номи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Аббос-тоҷик гузорам",-шарҳ дод ӯ.

Ногуфта намонад, ки аз обективи Назир ҳатто Шаҳноз Эроншо, зебосанами тоҷик, ки Тоҷикистонро дар озмуни зебоии СММ муаррифӣ намуд, дар канор намонд.

© Фото : Назир АббасШаҳноз Эроншо
Уроженка Таджикистана в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳноз Эроншо
Лентаи хабарҳо
0