Яқуб Корейба: Аврупо бояд аз "меҳмоннавозӣ" даст кашад

© SputnikСиёсатшиноси лаҳистонӣ Яқуб Корейба. Акс аз бойгонӣ
Сиёсатшиноси лаҳистонӣ Яқуб Корейба. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сиёсатшиноси лаҳистонӣ Яқуб Корейба мегӯяд, ки мақомоти Аврупо бояд байни меҳмоннавозӣ ва амният якеро интихоб кунад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамоно дар саҳифаҳои аввали рӯзномаҳои Аврупо қарор дорад.

Ба фикри сиёсатшинос муҳоҷирон ва гурезагонро бояд аз ҳам фарқ кард. Аврупо маҷбур аст гурезагонро қабул кунад. Нисбати муҳоҷирон бошад, бояд низоми интихобӣ бошад.

Сиёсатмадор Андраник Мигранян. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мигранян: терроризм натанҳо ба Осиёи Марказӣ, балки ба Аврупо низ таҳдид мекунад

"Имрӯз бояд миёни принсипҳои озодии муҳоҷирон, меҳмоннавозӣ ва амният бояд интихоб кард",-мегӯяд сиёсатшинос.

"Амният муҳимтар аз ҳама аст",-қайд кард Яқуб дар сӯҳбат бо радиои Sputnik  Латвия.

Ба гуфти ӯ аксари муҳоҷирон натанҳо фарҳанги аврупоиёнро қабул надоранд, балки қавонини кишарҳоро риоя намекунанд.

Мушкилоти асосӣ маҳз дар ҳамин нуҳуфтааст. "Аз нигоҳи ман, нажод, миллат, дин муҳим нест. Вале вақте, ту ба кишвари дигар меравӣ, ё қонунро риоя мекунӣ ё не",-илова кард сиёсатшинос.

Лентаи хабарҳо
0