Рашк, ҷанҷол, куштор: тавзеҳи мақомоти Русия дар бораи ҳалокати муҳоҷири тоҷик

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дӯстони муҳоҷири кушташуда мегӯянд, ки пизишкони шаҳри Екатеринбург ӯро ба баҳонаи надоштани санадҳои лозим ба бемористон роҳ надоданд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Хабаргузории "РИА Новости" гузориш медиҳад, ки намояндагони бемористони марказии шаҳри Екатеринбург хабарҳо дар бораи роҳ надодани як шаҳрванди захмишудаи Тоҷикистонро такзиб карданд.

Ёдоварӣ мекунем ки ин муҳоҷири тоҷик шанбе шаб дар пайи муноқиша захмӣ шуда буд ва дӯстонаш ӯро ба бемористони №23 оварданд, вале пизишкон ӯро ба баҳонаи надоштани санадҳои лозим ба бемористон роҳ надодаанд. Дӯстонаш он ҷавонро ба дигар бемористон бурдаанд, вале ӯ дар роҳ ба бемористон даргузаштааст.

Намояндагони бемористони шаҳрӣ ин иттиҳомро қатъан радд мекунанд ва мегӯянд, ки ҳеҷ касе бо захми корд ба ин бунгоҳ муроҷиат накардааст.

Яке аз пизишкони ин бемористон гуфт: "Бомдоди рӯзи шанбе, 12 феврал, соати 4.30, афроди ношинохтае мардеро бо захми корд дар ҷигаргоҳ ба бемористон оварданд. Ӯ беҳуш буд ва вазъаш бисёр бад буд. Пизишкон зуд ба кӯмак пардохтанд ва гурӯҳи эҳёгариро низ даъват карданд. Онҳо зуд расиданд, вале марди захмишуда ҷон бохта буд".

Бинои ВКХ-и ҶТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз Русия таҳқиқи воқеъбинонаи сӯхтор дар Тюменро талаб дорад

Ҳамзамон ёвари аршади роҳбари Идораи минтақавии Кумитаи бозҷӯии Русия Александр Шулга эълом карда ки ин ниҳод барои бозҷӯсти қазияи куштори муҳоҷири тоҷик парванда боз кардааст.

Муттаҳам ба қатл дастгир шуда ва дар сурати собит шудани ҷурмаш ӯро то 15 сол зиндон дар пеш хоҳад буд. Бино бар иттилоъоти муқаддамотӣ, сабаби муноқишае ки ин ҷавон дар паи он кушта шуда, рашки беасос будааст.

Лентаи хабарҳо
0