Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Душанбе мулоқот кард

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Дуҳшанбе мулоқот орост

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.Дар нишаст вакилони мардумӣ, роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе, ҳамчунин, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумат, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳои давлативу тиҷоратӣ ва соҳибкорону тоҷирон иштирок доштанд.

Растами Эмомалӣ дар маҷлиси ҳукуматии ҷумҳурӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо Рустам дар бораи коррупсия машварат кард

Президенти ҷумҳурӣ мақсади маҷлиси мазкурро баррассии вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва мушкилоти мавҷудбудаи пойтахт номид.

Дар рафти суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирон аз вазъи имрӯзаи пойтахт, таърихи Душанбе дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дурнамои рушди саноати Душанбешаҳр гузориш дод.

Дар фарҷом президент аз сокинони пойтахт хоҳиш намуд, ки  ҳар рӯзро барои тозаву озода кардани манзилу кошонаи худ, кӯчаву маҳаллаҳои зист, ободу зебо ва озода гардонидани кишвари ва тарбияи фарзандон самаранок истифода баранд.

"Итминони комил дорам, ки сокинони пойтахт дар ин амри хайр пешсаф ва намунаи ибрат хоҳанд буд",- қайд намуд раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала