Обхезии тобистонаи рӯди Вахш метавонад сарбанди Роғунро бишканад

Фоҷеъаҳои санъатӣ дар созаҳои бузурги ҳидрутекникӣ, аз ҷумла шикастани сарбандҳои обанборҳову неругоҳҳо, аз рухдодҳое ҳастанд, ки пайомадҳояшон гоҳе сангинтар аз фоҷеъаҳои табиъӣ мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Нуҳуми феврал, дар паи дарз кардани об аз саррезу баданаи баландтарин сарбанди хокии Амрико дар кӯли Оровилл дар иёлати Калифорния, мақомот шитобон даст ба костани оби он заданд.

Ҳаҷми об дар ин кӯл беш аз 4 килуметри мукаъаб аст ва коршиносон ҳушдор доданд ки эҳтимоли шикастани сарбанд бисёр боло аст, аз ин рӯ мақомот аз 11 феврал садҳо ҳазор касеро ки дар минтақаи селоби эҳтимолӣ зиндагӣ доранд, аз онҷо кӯчондан гирифтанд.

Фоҷеъаҳои санъатӣ дар сарбандҳои обанборҳои бузург аксаран аз обхезиҳои рӯдҳо ва гоҳе ҳам дар паи рагборҳо ва ё аз об шудани барфу пиряхҳо рух медиҳанд.

Боздиди Эмомали Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Эмомали Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар “Роғун” шинос шуд

Дар Тоҷикистон ҳама рӯдҳои бузург аз пиряхҳо сарчашма мегиранд, бино бар ин таваҷҷуҳи аслии коршиносон пеш аз ҳама ба рӯди Вахш ҷалб мешавад ки ҳамакнун дар рӯдхонаи он сохтусози неругоҳи барқобии Роғун — бузургтарин неругоҳи Осиёи Марказӣ идома дорад.

Бино бар гузоришҳои хабаргузориҳо, дар нимаи дувуми январ ва оғози феврал дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон 1,6 баробар бештар аз меъёр барфу борон борида ки афзоиши резиши тармаро низ дар пай дошт ва чандин кас ҳам ҷонашонро дар ин балоҳо бохтанд.

Бино бар пешбиниҳои ҳавошиносон, дар моҳи феврал ҳаво дар Тоҷикистон сардтар хоҳад шуд ки бориши барфро дар кӯҳистонҳо аз 50 — 60 сантиметри маъмулӣ то як метр бештар хоҳад кард.

Хатари омадани тарма дар маҳалли сохтусози неругоҳи Роғун низ бештар хоҳад шуд. Бояд ёдовар шуд ки сохтусози ин неругоҳ 29 октябри 2016 аз сар гирифта шуд ки он рӯз оби рӯди Вахш дар поинтарин сатҳи рӯдхона буд ва онро бо сарбанди сангиву хокӣ бастанду оби рӯдро ба тунели сохтмонӣ равон карданд.

Роҳҳову созаҳои неругоҳ дар маҳалли сохтусоз аз тармаву барфкӯч эмин шудаанд, вале коршиносон аз таҳдиде ҷиддитар — обхезиҳои тобистонӣ ҳушдор медиҳанд.

Ба гуфти муҳандис Анатолий Колесничееко, ки беш аз 15 сол дар сохмони неругоҳи Роғун саркорӣ кардааст, ҳарсола дар маҳалле ки сарбандро месозанд, ду то се бор обхезӣ мешавад.

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: сохтмони сарбанди Роғун аз рӯи Сарез хатар дорад

Нахустин обхезӣ дар моҳи май аст ки аз борону об шудани барфҳо дар доманаи кӯҳҳо рух медиҳад. Дувумин обхезӣ дар моҳи июн аст ки аз гарм шудани ҳаво ва об шудани барфҳо бар баландиҳо сурат мегирад. Севумин обхезӣ хатарноктар аз он ду аст ва маъмулан дар миёнаҳо ё охирҳои моҳи июл ва аз об шудани пиряхҳо сурат мегирад.

Дар бархе аз солҳо ин обхезӣ дар моҳи август рӯй медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи баланди барф, дар моҳи июни 2017 эҳтимоли рух додани нахустин обхезии селосо болост ва ҳамчунин дар авоили август ҳам дувумин обхезӣ таҳдид хоҳад кард. Созандагони неругоҳи Роғун бояд то он замон омода бишаванд.

То ҷое ки метавон дарёфт, ширкати итолиёии Salini Impregilо S.p.A ки паймонкори сохтмони неругоҳ аст, дар назар дорад ки то оғози обхезиҳо ҷараёни рӯди Вахшро ба тунели сохтмонии якум равон кунад ва дар сурати баланд шудани сатҳи об аз банд онро ба тунели сохтмонии дувум ҳам равон кунад. Вале ҳамакнун маълум нест ки гузори об аз рӯдхона дар он замон чигуна хоҳад буд. Он ба захираҳои барфу ях ва дамои тобистонӣ дар кӯҳсор вобаста аст.

Ба гумони Анатолий Колесниченко, аз ин обхезиҳо ва эҳтимоли хатари шикастани банди сохташуда набояд сахт ҳарос дошт, балки итолиёиҳо бояд тибқи барнома шабу рӯз хокрезӣ кунанд то баландии бандро ба 60 метр бирасонанд.

Вале риске ҳамчунон мемонад ва он ин аст ки агар ҳаво дар пиряхи Федченко дар Помир гармтар аз 13 дараҷа шавад ва то ду ҳафта ҳамчунон бимонад (ки дар ин замон ҳаво дар Душанбе маъмулан 35 то 40 дараҷа гарм мешавад), эҳтимоли рух додани обхезии селосо бисёр бештар мешавад. Аз онҷое ки тунели сохтмонии севум ҳануз канда нашудааст, сел метавонад бандро бишканад, чуноне ки дар соли 1993 шикаставу бурда буд.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳи яке аз варзишгоҳҳо дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти ҶТ: неругоҳи Роғун ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст

Аз инҷо буд ки барои пешгирӣ аз шикастани банд Анатолий Колесниченко дар ноябри 2016 пешниҳод карда буд ки ин бандро то баландии 25 метр хокрезӣ карда ва нишеби поинии онро бо тахтасангҳои оҳанубетунӣ устувор кунанд то обхезеро ки наметавон аз ҳар ду тунели сохтмонӣ гузаронд (агар ки тунели севум ҳам нимсохта бошад), аз болои он банд бо суръати поин равон кунанд.

Ширкати итолиёӣ ҷомеъаро аз раванди кори сохтмони неругоҳи барқобии Роғун огаҳирасонӣ намекунад, вале дар поёни моҳи январи 2017 раҳбарони ин ширкат бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор карда ва гузорише аз раванди сохтусоз дода буданд.Раҳбари Тоҷикистон дар ин дидор аз паймонкорони итолиёӣ хост ки таваҷҷуҳи вижа ба риояи шароити қарордод ва замонбандии сохтусоз дошта бошанд.

Сармоягузории сохтусози неругоҳи Роғун дар соли равон коҳиш ёфта ва раҳбарии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи сармоягузорон барои он аст. Ҳануз иттилоъе дар ин бора нест ки оё Арабистони Саъудӣ ва дигар кишварҳо сохтусозии неругоҳи Роғунро сармоягузорӣ хоҳанд кард ё на.

Вале маълум аст ки арзиши як килувот-соат барқе ки дар неругоҳҳои барқобии бузург тавлид мешавад, басе арзонтар аз онест ки дар неругоҳҳои миёна ва хурд ба даст меояд. Ҳамин баровард метавонад барои сармоягузороне ҷолиб бошад ки мехоҳанд дар камтарин замон аз сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар сохтусози ин неругоҳ суду баҳра ба даст оваранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала