Мулоқоти Аслов бо Раббонӣ: аз иқтисодиёт то энергетика ва СҲШ

© Фото : Аз дафтари матбуоти ВКХ ҶТМулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Салоҳуддин Раббонӣ. Акс аз бойгонӣ
Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Салоҳуддин Раббонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз вазири вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои афғонаш Салоҳуддин Раббонӣ мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, ки дар рафти мулоқот вазирони ду кишвари ҳамсоя, масъалаҳои соҳаи иқтисодӣ ва энергетикаро мавриди баҳс қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон, татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавиро зарур шумориданд.

Ҳамчунин нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масоили иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон муҳим арзёбӣ шуд.

Сироҷиддин Аслов бори дигар ҷонибдории Тоҷикистонро барои вуруди Афғонистон ба СҲШ иброз намуд.

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории ноҳияҳо ва вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва Афғонистон омили муҳими тақвияти равобити гуногунҷанба ва мутақобилан судманди ду кишвар мебошад.

Қасри миллат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раббонӣ аз Афғонистон, Гамачек аз Чехия ва Путин аз Русия ба Душанбе меоянд

Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон тасдиқ намуданд.

Сироҷиддин Аслов тақвияти нақши нерӯҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию ифротгаро муҳим арзёбӣ кард. 

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчубаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар СҲШ иброз намуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала