Р.Эмомалӣ дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевЯрмаркаии маҳсулоти кишоварзӣ дар "Пойтахт- 90", соли 2015
Ярмаркаии маҳсулоти кишоварзӣ дар Пойтахт- 90, соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ярмаркаи мазкур ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯз – 2017 гузаронида шуда, аз санаи 18-ум то 20-уми март давом мекунад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.Рустами Эмомалӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе қарор  кард, ки дар пойтахт ярмаркаи маҳсулдоти кишварзӣ ташкил карда шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, ярмарка бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил гирифтани ҷашни Наврӯз- 2017 гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ярмаркаи мазкур дар "Маҷмааи савдои Пойтахт-90", майдончаи назди бозори "Қаряи боло", кўчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Боғи фарҳангу фароғатии Дўстии халќҳо» аз санаи 18-20-уми март баргузор карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0