Президент ҳамсари худро ноиби аввали раисҷумҳур таъин кард

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев имрӯз ҳамсари худро аввалин ноиби президент таъин кард

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамсараш- Меҳрубон Алиеваро ноиби аввали президенти ҷумҳурӣ таъин кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Озарбойҷон.

Ҳамин тавр, мувофиқи Сарқонуни Озарбойҷон, ноиби аввали президент метавонад дар вақти набудани сарвари мамлакат ӯҳдадориҳои раисҷумҳурро иҷро кунад.

Дар Озарбойҷон 26-уми сентябр райъпурсӣ доир гадид, ки мувофиқи он ба Конститутсияи кишвар тағийроту иловаҳо ворид карда шуд.  Тариқи райъпурсӣ, муҳлати президентии раисҷумҳури интихобгардида аз 5 то 7 сол дароз карда шуд, вазифаи ноиби президент пайдо гардид ва синни номзадҳо ба курсии  президент ва вакилон поён рафт.

Бояд қайд кард, ки Меҳрубон Алиева- президенти Фонди Ҳайдар Алиев ба ҳисоб меравад. Аввалин бонуи озарӣ соли 2004 барои хизматҳои худ дар соҳаи адабиёти халқӣ ба унвони Сафири илтифотии ЮНЕСКО сарфароз гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала