Путин ба Раҳмон орден тақдим мекунад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкВладимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти гуфтушунид Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 7 ҳуҷҷат ва созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо мерасонанд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik.Дар вақти сафар ба Тоҷикистон Владимир Путин- президенти Русия ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени ба номи Александр Невскиро тақдим мекунад, гуфт ёрдамчии президенти ФР Юрий Ушаков.

Президенти Русия Владимир Путин, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Алмато, Душанбе ва Бишкек: Осиёи Марказӣ дар интизории Путин

"Путин ба Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнаш дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ва ҳамкориҳои стратегӣ  байни ду кишвар ордени ба номи  Александр Невский тақдим мекунад",- гуфт вай.

Интизор меравад, ки дар рафти гуфтушунид бо Эмомалӣ Раҳмон яке аз мавзӯъҳои асосӣ пойгоҳи 201-уми низомии ФР мешавад.

Ҳамин тавр,  баъд аз сафари президенти Русия ба Тоҷикистон интизор меравад, ки ҳафт ҳуҷҷат ва созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расад.

Лентаи хабарҳо
0