Аслов: Виталий Чуркин дипломати моҳир ва пурталош буд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироджиддин Аслов, Акс аз бойгонӣ
Сироджиддин Аслов, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба ҳамтои русиягии худ С.В. Лавров номаи тасаллият равон кард

Душанбе, 22 фев-Sputnik. Хадамоти матбуоти вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Сироҷиддин Аслов ба унвони Лавров номаи тасаллият равон карда, дар он Виталий Чуркинро чун дипломати моҳир ва пурталош унвон кардааст.

"Ҷониби Тоҷикистон бо ғаму андӯҳи зиёд хабари даргузашти бармаҳали намояндаи доимии Федертсияи Русия дар СММ Виталий Иванович Чуркинро дарёфт",-омадааст дар нома.

Дар номаи худ вазири умури хориҷии Тоҷикистон С.Аслов, ки солҳои зиёд бо марҳум кор кардааст, ӯро ҳамчун дипломати моҳир, пурталош ва ташаббускор тавсиф кардааст.

Дар хотима вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори ҳамдардии амиқи худро ба аҳли хонавода ва наздикони В.И. Чуркин, ки ҳаёти худро ба ҳифзи манфиатҳои ватани худ бахшидааст, баён кардааст.

Лентаи хабарҳо
0