Фоҷиа дар Сангвор: ҳалокати кӯдак ва хароб шудани чанд манзил

Дар пайи фаромадани тарма дар рустои Роғи Дараи Калпи ноҳияи Сангвор як кӯдак ба ҳалокат расида, чанд манзили зист хароб шуд

Душанбе, 22 фев-Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, дар натиҷаи фаромадани тарма дар ноҳияи Сангвор як кӯдак ба ҳалокат расида чанд манзили зист зери барф монданд.

Манбаъ мегӯяд, ки дар давоми панҷ рӯзи охир дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон фаромадани 80 адад тарма ба қайд гирифта шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ мегӯяд, ки баландии ҳар тарма то 15 метр мерасад.

"Мувофиқи маълумот дар пайи фаромадани тарма дар рустои Роғи Дараи Калпи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Сангвор чанд манзили истиқоматӣ вайрон шуда, як кӯдак ба ҳалокат расид".

Зимистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чӣ гуна метавон дар зери тарма зинда монд: маслиҳати мутахассис

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки раиси Кумита, Рустам Назарзода  бо мақсади дақиқ кардани мизони хароб шудани манзилҳои зист ва талафоти ҷонӣ ба маҳаллаи ҳодиса, ноҳияи Сангвор сафар кард.

Ҳамчунин дар натиҷаи фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 75 мошини автомобилгард  минтақаи Душанбе-Айнӣ дармонданд.

Рӯзи шанбеи гузашта бошад, наздики 8 кормандони такшилоти байналмиллаллии IRS зери барф монданд. Зимни гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ, се нафари онҳоро аз зери барф бароварда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала