Варзиш ба ҳам меорад: мусобиқаи шоҳмот дар Маскав

© Фото : Посольство РТСабқати шоҳмот дар Маскав
Сабқати шоҳмот дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бинои ташкилоти минтақавии "Нур"-и шаҳри Маскав, байни 60 нафар намояндагони миллатҳои гуногун мусобиқаи шоҳмот гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Сабқати байналмиллалӣ ба 25-солагии муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Русия бахшида шуд.

Мусобиқаи шоҳмот бо ибтикори ташкилоти ҷамъияти "Нур" ва дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Русия, Департаменти сиёсати миллӣ ва робитаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав гузаронида шуд.

Сабқати байналмиллалии шоҳмот дар Ҳиндустон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми аввали Фаррух Амонатов дар Ҳиндустон

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Сафири мухтор ва фавқуллодаи Тоҷикистон Имомуддин Сатторов, раиси ташкилоти ҷамъиятӣ ва минтақавии "Нур" Алимамад Боймамадов ва президенти федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов қайд кад, ки "баргузории чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ бо иштироки намояндагони миллатҳои гуногун боиси якдигарфаҳмии байни халқҳо мегардад ва алоқаи байни миллатҳои мухталифро пурзӯртар мегардонад".

Дар мусобиқа зиёда аз 60 нафар варзишгар, намояндагони кишварҳои мухталиф аз қабили Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Узбакистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки бахшида ба 25-солагии муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Русия дар соли равон баргузории дигар чорабиниҳо дар назар аст.

Сабқат байни мардон ва занон сурат гирифта, ҳамаи ғолибон бо дипломҳо ва медалҳо қадрдонӣ шуданд.

© Фото : Посольство РТ в РФИштирокчиёни мусобиқаи шоҳмот дар Маскав
Иштирокчиёни мусобиқаи шоҳмот дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Иштирокчиёни мусобиқаи шоҳмот дар Маскав
© Фото : Посольство РТ в РФСафири Ҷт Имомуддин Сатторов дар сабқати шоҳмот
Сафири Ҷт Имомуддин Сатторов дар сабқати шоҳмот - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Сафири Ҷт Имомуддин Сатторов дар сабқати шоҳмот
© Фото : Посольство РТҒолибони сабқати шоҳмот дар Маскав
Ғолибони сабқати шоҳмот дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Ғолибони сабқати шоҳмот дар Маскав
© Фото : Посольство РТ в РФМусобиқаи шоҳмот ба 25-солагии муносибатҳои сиёсии Русия ва Тоҷикистон бахшида шуд
Мусобиқаи шоҳмот ба 25-солагии муносибатҳои сиёсии Русия ва Тоҷикистон бахшида шуд - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Мусобиқаи шоҳмот ба 25-солагии муносибатҳои сиёсии Русия ва Тоҷикистон бахшида шуд
1/4
Иштирокчиёни мусобиқаи шоҳмот дар Маскав
2/4
Сафири Ҷт Имомуддин Сатторов дар сабқати шоҳмот
3/4
Ғолибони сабқати шоҳмот дар Маскав
4/4
Мусобиқаи шоҳмот ба 25-солагии муносибатҳои сиёсии Русия ва Тоҷикистон бахшида шуд

Лентаи хабарҳо
0