“Тоҷик Эйр” парвозҳоро ба Хоруғ аз рӯзи шанбе боз мекунад

Ширкат ба нақша гирифтааст, ки ба ғайр аз парвозҳо ба Хоруғ, бо Чин низ муносибати ҳавоиашро беҳтар кунад

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" мубоширатан аз рӯзи шанбе — санаи25-уми феврал парвозҳои худро ба самти Душанбе-Хоруғ-Душанбе боз мекунад.

"Хатсайри Душанбе —Хоруғ — Душанбе" барои сокинони кишвар аҳамияти стратегӣ дорад. Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, ки хатсайри мазкур мунтазам ба роҳ монда шавад. Ба нақша гирифтаем, ки ширкат дар ҳафтае ду маротиба ба Хоруғ парвоз кунад. Мо ба талабот- мусофирон нигоҳ карда, парвозҳоро ба роҳ хоҳем монд",- омадааст дар хабари хадамоти матбуоти шикати "Тоҷик Эйр".

Директори кулли ширкати Тоҷик Эйр Хайрулло Раҳимов - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷик Эйр” аз барқароршавии парвозҳо ба Хоруғ ва Хуҷанд хабар медиҳад

Парвозҳо на ба воситаи ҳавопаймои АН-28, балки ба воситаи чархболи Ми-8 сурат мегиранд.

Аз ширкат хабар доданд, ки ҳавопаймои АН- 28 ба таъмир ниёз дорад, баъзе қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо умуман ҳоло истеҳсол карда намешавад.

"Агар шароити ҳаво хуб бошад, Ми-8 қодир аст, ки то 22 нафарро интиқол диҳад, аммо АН- 28 метавонад танҳо 17 мусофирро ба манзил расонад.

Аввалин парвоз ба Хоруғ рӯзи шанбе, соати 08: 00 ба нақша гирфта шудааст. Нархи чипта 615 сомонӣ ва хоҳишмандон метавонанд аз маркзҳои чиптафурӯшӣ ба даст овранд.

Ғайр аз ин, тибқи ахбори дафтари матбуоти ширкат  "Тоҷик Эйр" хатсайр ба Пекин низ, дар ҳар ҳафта як маротиба як маротиба, мубоширатан аз рӯзи душанбе — санаи 27-уми феврал соати 16:40 дақиқа сурат хоҳад гирфт.

То имрӯз ширкат танҳо ба Урумчии Чин парвоз мекарду халос.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала