КВН-и лигаи Помир дар Маскав: аз шӯхиҳо то ҳунарнамоии писари Муборакшо

© Фото : Sputnik Нилуфари НиккадамКВН Лигаи Помир мавсими дуюм
КВН Лигаи Помир мавсими дуюм - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бинои донишгоҳи давлатии заминшиносии Маскав санаи 24-уми феврал фестивали лигаи Помир баргузор гардид. Дар мавсими дуюм бархе аз гурӯҳҳо тағйири ном карда, ду гурӯҳ якҷо шудаанд ва як дастаи холис иборат аз ҷинси латиф рӯи саҳна пайдо шуд

Барои болидагии хотири тамошобинон лаҳзаи мусиқӣ дар иҷрои репсаройи машҳур Амир ва ҳунарнамоии писари ситораи санъати тоҷик, шодравон Муборакшо-Эмомалишо пешкаш гардид. Ҳамчунин  мухлисони КВН бо ширчой ва кулчаи гарм меҳмондорӣ шуданд.

Барои дастгирӣ ва тамошои КВН мухлисони зиёд аз қабили дӯстон, пайвандон ва ҳамсабақони бозигарон ҷамъ шуданд.

Дастаи КВН-и Тоҷикистон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дастаи КВН-и Тоҷикистон дар Маскав: бо нигоҳи нав ба сӯи "Первый канал"

Бархе аз тамошобинон ҳамроҳи кӯдакон ва бо аҳи оила ба КВН омада буданд. Дар байни мухлисон намояндагони дигар миллатҳо низ буданд, ки барои дастгирии ҳамсабақони худ ба КВН омаданд.

Бештари шухиҳои ҳозирҷавобон бо забони русӣ сурат гирифта, танҳо бархе аз онҳо бо забони тоҷикӣ ва помирӣ гуфта шуданд.

Дар бозии финалии мусобиқаи пешин, ки  моҳи сентябри соли 2016 баргузор шуд, дастаи "Ширчайники" ғолиб омада буд. Дар мавсими нав чор даста: Дастаи халқии "Русмиҷоз", "Женsovet","Time out"  ва "Ширчайники ва Ҳоким" байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Шухиҳои дастаҳо

Мавзуи фестивали КВН-"Помир пешниҳод мекунад" буд. Дар асоси ин мавзӯъ гурӯҳҳо шухиҳои омоданамудаи худро ба тамошобинон пешкаш каданд.

Бо эълони баранда аввалин шуда, дастаи "Русмиҷоз" дар саҳна пайдо шуд. Гарчанде ин гурӯҳ  аллакай аз ҷиҳати номгузорӣ барусҳо монанд шуда бошанд ҳам, аз урфу одоти худ  дур нашуда, баромадашонро аз дойиразанӣ, ки маъмулан дар арафаи ҷашнҳои бузург дар Помир истифода мешавад, шурӯъ карданд. Дар саҳна ду писар бо куртаҳои занона, ки дар дасташон дойира доштанд пайдо шуда, тамошобинонродар ҳайрат гузоштанд.

Доиразании дастаи "Русмиҷоз" дар саҳна
Доиразании дастаи Русмиҷоз дар саҳна - Sputnik Тоҷикистон
Доиразании дастаи "Русмиҷоз" дар саҳна

Дастаи "Русмиҷоз" дар саҳа аз зидагии муҳоҷиони Русия ёдоварӣ карда, аз нархи патенту иҷозатномаи кор шикоят карданд.

Ғолибони мавсими гузашта "Ширчайники" дуввумӣ шуда ба саҳна баромаданд. Онҳо аз ситорашиносӣ сар карда, барномаи "Давай поженимся"-ро бо шакли помирӣ пешкаши тамошобинон гардониданд.

Дастаи "Женsovet", ки танҳо аз духтарон таркиб ёфта аз худи Екатеринбург омада буданд, бештар ба мушкилоти занон диққат дода, саҳнаи изҳори муҳаббати писари вахониро ба духтари шуғнонӣ нишон доданд.

© Фото : Sputnik Нилуфари НиккадамИзҳори муҳаббати писари вахонӣ ба духтари шуғнонӣ
Изҳори муҳаббати писари вахонӣ ба духтари шуғнонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Изҳори муҳаббати писари вахонӣ ба духтари шуғнонӣ

Дастаи "Time out"аз дигар гурӯҳҳо бо касбият фарқ мекард. Яке аз иштирокчиёни ин даста Акмал солҳост, ки рӯи саҳна аст ва солҳои донишҷӯӣ низ дар ҳайати дастаҳои гуногун баромад кардааст. Онҳо аллакай аз сафари дарпеш истидодаи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон хулосабарорӣ карда, гуфтанд, ки Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё дохил намешавад.

Дар саҳнаи дигар бошад, худро дар Кремл ҳис карда, президенти Русияро дар соли 2050 тасвир карданд, ки аллакай бо забони тоҷикӣ ҳарф мезад.

Вале саҳна дар бораи қоғази ташноб "ҳамаааш дар дасти худат" тамошобинонро ба ваҷд овард.

Баҳои ҳакамон

Чун мавсими нав аз фестивал оғоз шуд, ҳакамон танҳо эродҳо ва назари худро нисбати омодагии дастаҳо иброз доштанд. Қариб ҳамаи аъзоёни ҳакамон  ба кӯшиши дасаи "Женsovet", ки танҳо аз духтарон таркиб ётфааст, баҳои баланд доданд.

Ниссо ҳунарпеша ва иштирокчии чандин озмунҳои байналмиллалии зебоӣ, аъзои ҳакамон, шухии дастаи "Time out"-ро дар бораи қоғази ташноб махсун қайд карда, ба баромади дигар дастаҳо баҳои баланд дод.

Қаҳрамони филми "Суруди Абдул" дорандаи ҷоизаи "Уқоби тиллоӣ" Абдумамад Бекмамадов, ки низ ба ҳайати ҳакамон дохил мешавад, аз баромади ҳамаи дастаҳо изҳори хушнудӣ карда, дастаи "Женsoveт"-ро баҳои баланд дод.

"Духтарон истеъдоди ҳунарнамоӣ  доранд", қайд кард ҳунараманд дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Умедшо Мирзоширинов коргардони тоҷик ва дорандаи ҷоизаи ҷашнвораи байналмиллаии "Дидор"-2016 низ ба баромади дастаи "Time out" баҳои баланд дода гуфт, ки ҳаракати мобилӣ дар саҳна танҳо дар ҳамин гурӯҳ мушоҳида шуд. 

Вале аз саҳнаи охирини ин даста коргардон изҳори таассуф карда гуфт, ки ҳар як аъзои даста бояд баъди ҳар баромад саҳнаро баъди худ тоза кунад, чун бидуни ин фарҳанг КВН маъно нахоҳад дошт.

© Фото : Sputnik Нилуфари НиккадамТамошобинони КВн Лигаи Помир
Тамошобинони КВн Лигаи Помир - Sputnik Тоҷикистон
Тамошобинони КВн Лигаи Помир

Аз Екатеринбург то Маскав

Дар мавсими нав ҷуғрофияи иштироки гурӯҳҳо васеътар гардида, дар фестивал ду гурӯҳ аз Екатеринбург низ иштирок карданд. Ин дастаи "Женsovet", ки танҳо аз ҷинси латиф иборат буда, бори аввал дар мусобиқаи КВН иштирок дорад ва Time out, ки аз ду гурӯҳ Акмал и Баха ва Инста таркиб ёфтааст.

Анзор Назархудоев раиси ҳакамон ва роҳбари кумитаи варзиш ва сайёҳии ташкилоти минтақавии "Нур" зимни суханронӣ пас аз бозӣ аз баромади дастаҳои изҳори хушнудӣ карда қайд намуд, ки агар КВН бо ҳамин равиш идома кунад, ташкилкунандагон баргузории онро дар толори КВН-Планетаи Маскав маслиҳат хоҳанд кард.

Дастаи КВН Тоҷикистон дар Ала-тоо - Sputnik Тоҷикистон
КВН Тоҷикистон: Масликов, мо ба озмун меравем

"Маро баромади дастаи Женсовет шод кард. Дар ҳақиқат ҷуғрофияи КВН васеъ мешавад. Ва насиб бошад бозиҳои ояндаро дар худи толори КВН-Планетаи Маскав хоҳем гузаронид".

Кор, дарс ё омодагӣ ба КВН

Аксари иштирокчиёни дастаҳои  КВН-и лигаи Помирро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Танҳо камтарини иштирокчиён соҳиби ҷои кор мебошанд. Ба қавли аъзои дастаи "Женsovet", ки худ донишҷӯи курси сеюми бахши ҳуқуқшиносӣ мебошад, ин баромади аввалини онҳо дар КВН аст ва онҳо барои омодагӣ ба КВН аз ҳамаи фурсати муносиб истифода мекарданд.

"Мо аввал дар хонаҳои якдигар тайёрӣ медидем. Мешуданд ҳолатҳое, ки ҳатто дар марказҳои савдо ҷамъ шуда, нақшаҳои баромадамонро мекашидем. Баъд моро аз тарафи ҷамоат дастгирӣ карданд ва ба мо барои тайёрӣ дидан ҷой ҷудо намуданд".

Онҳое, ки  кор мекунанд, фоидаро бо хушҳолӣ тавъам карда, дар ҷои кори худ ба КВН омодагӣ медиданд.

Акмал аъзои дастаи "Time out" дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки ҳангоми омодагӣ ба КВН каме душвориҳо пеш омад. "Ман бо бачаҳо дар ҷои корам ҷамъ мешудем. Барои мо мушкил буд, чун ду аъзои гурӯҳамон аз Екатеринбург ҳастанд ва онҳо танҳо санаи 18-уми феврал ба Маскав омаданд. Ҳамин тавр мо дар давоми чор рӯз саҳначаҳои худро омода намудем".

Аъзои дастаи "Русмиҷоз" бошад мегӯяд, ки худ ба сифати ташкилотчии ҷашнҳо кор мекунаду аъзоёни гурӯҳро дар ҳамин ҷо ҷамъ менамояд.

"Аз байни мо ҳамагӣ ду нафар кор мекунанд. 80-фисади иштирокчиёни гурӯҳамон донишҷӯёнанд. Мо донишҷӯёнро  ҳам мехӯрондему  дар ҷои кори ман ба КВН омодагӣ медидем".

Лаҳзаи мусиқӣ ва фуршет

Ин фестивал аз дигар бозиҳои КВН бо хусусиятҳои худ фақ кард. Баъди баромади дастаҳои КВН барои болидагии хотири тамошобинон лаҳзаи мусиқӣ тақдим гардид. Дар назди тамобошинон репсаройи машҳур, Амир ва писари ситораи санъати тоҷик, шодравон Муборакшо-Эмомалишо баромад карданд.

Амир сурудҳои машҳури худ "L & M" ва  "Ҷонисак"-ро пешкаши тамошобинон кард.

Эмомалишо бо суруҳои "Туро намепарастам", "Ай нигор", ҳунарнамоӣ  карда, ҳамаро аз ҷояшон бархезонд. Хурду бузург ба рақс даромаданд, чунин менамуд, ки ин як ҷашни хонаводагӣ ё тӯй бошад.

Баъди ҳунарнамоии сарояндагон ташкилкунандагони КВН боду ҳамои Маскавро ба назар гирифта, дар рӯзи сард тамошобинонро бо ширчой ва кулчаи гарм меҳмондорӣ карданд. КВН ба итмом расида бошад ҳам, мардум намехостанд ба хонаҳояшон баргарданд. Ин баромади охирини дастаҳо набуда, онҳоро дар пеш мавсими сабқати ҳақиқӣ интизор аст.

© Фото : Sputnik Нилуфари НиккадамСаҳнаи дастаи "Ширчайниуи и Хаким"
Саҳнаи дастаи Ширчайниуи и Хаким - Sputnik Тоҷикистон
1/7
Саҳнаи дастаи "Ширчайниуи и Хаким"
© Фото : Sputnik Нилуфари НиккадамИзҳори муҳаббати писари вахонӣ ба духтари шуғнонӣ
Изҳори муҳаббати писари вахонӣ ба духтари шуғнонӣ - Sputnik Тоҷикистон
2/7
Изҳори муҳаббати писари вахонӣ ба духтари шуғнонӣ
© Фото : SputnikҲунарнамоии Эмомалишоҳи Мубракшо дар КВН
Ҳунарнамоии Эмомалишоҳи Мубракшо дар КВН - Sputnik Тоҷикистон
3/7
Ҳунарнамоии Эмомалишоҳи Мубракшо дар КВН
© Фото : Sputnik Нилуфари НиккадамТамошобинон ва иштирокчиёни КВН дар рақс
Тамошобинон ва иштирокчиёни КВН дар рақс - Sputnik Тоҷикистон
4/7
Тамошобинон ва иштирокчиёни КВН дар рақс
© Фото : SputnikҲунарнамоии дастаи Амир дар КВН
Ҳунарнамоии дастаи Амир дар КВН - Sputnik Тоҷикистон
5/7
Ҳунарнамоии дастаи Амир дар КВН
© Фото : Sputnik Нилуфари НиккадамШирчой ва кулчаи гарм баъди КВН
Ширчой ва кулчаи гарм баъди КВН - Sputnik Тоҷикистон
6/7
Ширчой ва кулчаи гарм баъди КВН
© Фото : Sputnik Нилуфари НиккадамШирчой ва кулчаи гарм баъди КВН
Ширчой ва кулчаи гарм баъди КВН - Sputnik Тоҷикистон
7/7
Ширчой ва кулчаи гарм баъди КВН
1/7
Саҳнаи дастаи "Ширчайниуи и Хаким"
2/7
Изҳори муҳаббати писари вахонӣ ба духтари шуғнонӣ
3/7
Ҳунарнамоии Эмомалишоҳи Мубракшо дар КВН
4/7
Тамошобинон ва иштирокчиёни КВН дар рақс
5/7
Ҳунарнамоии дастаи Амир дар КВН
6/7
Ширчой ва кулчаи гарм баъди КВН
7/7
Ширчой ва кулчаи гарм баъди КВН

Ташаббускори асосии КВН-и лигаи Помир дар Маскав, намояндаи ташкилоти "Нур" Аслишо Акимбеков, дар охир зимни суханрониаш ба дастаҳо муваффаққитя орзу карда маслиҳат дод, ки аз касбият ва динамикаи дастаи "Time out" баҳра бардоранд: "КВН-и лигаи Помир бояд дар сатҳи олӣ баргузор шавад".

Лентаи хабарҳо
0