Путин ба осебдидагони тарма 40 тонна кӯмаки башардӯстона равон кард

© Sputnik / Lidia YsamovaҲавопаймо бо кӯмаки башардӯстона барои Тоҷикистон
Ҳавопаймо бо кӯмаки башардӯстона барои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагони Русия ба Тоҷикистон маводи хӯрокворӣ, хаймаҳо, курпа ва нерӯгоҳи барқии мобилӣ равон карданд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Русия ба қурбониёни тарма дар Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона равон кард.

Хабаргузории РИА Новости хабар медиҳад, ки "аз аэродроми Раменский ба Душанбе ҳавопаймои Ил-76-и МЧС-и Русия бо 40 тонна кӯмаки башардӯстона парвоз кард".

Ин кӯмак бо фармони президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дода шуд.

Барфтозакунмм сокинони деҳаҳои ВМКБ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Бадахшон: “меҳмоннавозӣ ва кӯмак ба ниёзмандон анъанаи мост”

"Тоҷикистон баъди тармафароиҳои пай дар пай дар шимол ва шарқи кишвар барои кӯмак ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда буд",-омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр рӯзи чоршанбе дар ноҳияи Сангвори Тоҷикистон як кӯдак зери барф монда ҳалок шуд.

Ҳамчунин дар натиҷаи фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 75 мошини автомобилгард  минтақаи Душанбе-Айнӣ дармонданд.
Рӯзи шанбеи гузашта бошад, наздики 8 кормандони такшилоти байналмиллаллии IRS зери барф монданд. Зимни гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ, се нафари онҳоро аз зери барф бароварда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала