"Узбекские авиалинии" аз моҳи апрел ба Душанбе парвоз мекунанд

© Sputnik Амир ИсаевФурӯдгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Фурӯдгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати миллии "Узбекские авиалинии" шурӯъ аз моҳи апрел ҳафтае ду маротиба тариқи хатсайри “Тошканд-Душанбе-Тошканд” парвоз хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Узбакистон ҳафтае ду маротиба: рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки санаи 20 феврал аввалин парвози мунтазам дар самти Душанбе-Тошканд амалӣ нагашт. Аз фурудгоҳи Тошканд ба унвонии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" хабар омад, ки то ҳол барои парвоз иҷозат гирифта нашудааст.

Баъди гузаронидани таҳлилҳо маълум шуд, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" айбдор аст, чун ҳуҷҷатҳои лозимаро сари вақт ба ҷониби Узбакистон ирсол накардааст.

Ҳамин тавр шурӯъ аз моҳи апрели соли 2017 парвоз дар самти "Тошканд-Душанбе-Тошканд" ҳафтае ду мартбиа амалӣ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0