Ҳизбҳои ҳукмрони Русия ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ бастанд

© Sputnik Wong Maye-EСалом кардан. Акс аз бойгонӣ
Салом кардан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо бовад доранд, ки ин ҳамкорӣ муносибатҳои Тоҷикистону Русияро таҳким бахшида барои рушди минбаъда такони хубе хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости ҳизби "Русияи воҳид" ва Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Маросими имзогузорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба қавли муовини котиби Шӯрои генералии ҳизби "Русияи воҳид" Сергей Железняк, созишнома ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Русия таъсири мусбат хоҳад дошт.

Мақоми ҷавони тоҷик ба ҳизби “Русияи воҳид” бипайваст

Муовини котиби Ҳизби халқӣ-демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода муҳиммияти ташкили муколамаи байни ҳизбҳои ҳукмронро қайд кард.

Аз ҷониби Русия ҳамчунин дар маросими ба имзо расонидани созишнома Сафири  мухтор ва фавқуллодаи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва роҳбари департаменти муносибатҳои байналмиллалии ҳизби "Русияи воҳид" Константин Петриченко ширкат доштанд.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон-ҳизби ҳукмрони кишвар ба ҳисоб меравад. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ин ҳизб мебошад.

Қароргоҳи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар бинои Қасри ваҳдати шаҳри Душанбе воқеъ шудааст.

Ҳизби сиёсии "Русияи воҳид"-бузургтарин ҳизб дар Русия ба шумор меравад. Роҳбарии ҳизби мазкурро раиси ҳукумат Дмитрий Медведев бар ӯҳда дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала