Баъди гуфтушуниди Раҳмон ва Путин: коршиносон масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд

© акс аз бойгонӣКоршиносони Русия ва Тоҷкистон масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд
Коршиносони Русия ва Тоҷкистон масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласа ҷонибҳо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ва Русияро оид ба лоиҳаи Созишномаи байни вазорати меҳнати ҶТ ва ФР оид ба ҳамкорӣ дар доираи меҳнат ва шуғли аҳолӣ баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik.Дар Маскав вохӯрии коршиносон оид ба баррасии лоиҳаи созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи ташкили фаъолияти меҳнати муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди ФР баргузор шуд.

Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маркази муҳоҷиратӣ дар Сахарова ба додани сертификати забони русӣ оғоз кард

Дар вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистонро раиси намояндагии Вазрорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Зоҳир Мирзозода ва ҷониби Русияро  роҳбари Раёсати  муҳоҷирати меҳнатӣ ВКД Русия Елена Прошина намояндагӣ намуд.

Дар ин нишаст тарафҳо дар бораи лоиҳаи созишномаи мазкур гуфтушунид намуданд.

Зоҳир Мирзозода қайд намуд, ки амалӣ гаштани лоиҳа  на танҳо раванди муҳоҷиратро идора мекунад, балки барои беҳтар гаштани шароити кор мусоидат хоҳад кард.

Аз ҷониби худ коршиносони Русия ба масъалаҳои омодагии тахассусӣ, донистани забони русӣ ва қонунҳои асосии дохилии Русия аз ҷониби муҳоҷирон аҳамияти махсус доданд.

Дар хотима ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки лоиҳаи мазкурро бо назардошти манфиатҳои ҷонибҳо бори дигар дида мебароянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала