Нашри суруди нави Парвиз ва Аброр Назаровҳо бо забони шуғнӣ

Обуна шудан
Парвиз Назаров сарояндаи эстрадаи тоҷик, ки дар Қазоқистон ба сар мебарад аз нашри суруди нави муштарак бо Аброр Назаров хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik.  Дар бораи ин Парвиз Назаров дар саҳифаи фейсбукии худ  навиштааст.

"Дӯстони азиз клипи нави лоиҳаи MAKIDOMA-"ARFAKEN" 2017-пешкашатон мегардонем",-навиштааст Парвиз Назаров.

Суруди "Арфакен" аз ҷониби Парвиз Назаров, Аброр Назаров ва аъзои дагари гурӯҳашон Гулмамад Назаров бо забони помирӣ иҷро гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Аброр Назаров писари маэстро ва санъаткори барҷастаи тоҷик Далер Назаров буда, Парвиз ҷияни ӯ мебошад.

Соли гузашта Далер Назаров, Парвиз Назаров, Аброр Назаров ва Ситора Назарова дар арафаи иди Наврӯз дар шаҳри Маскав консерти бошукӯҳ доир карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0