Сарояндаи тоҷик-Manizha бо албоми нав Русияро тасхир кард

© Instagram/ MANIZHAСарояндаи тоҷик Манижа Сангин. Акс аз бойгонӣ
Сарояндаи тоҷик Манижа Сангин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аксарият Манижаро бо суруди “Пренебргеаю”, ки солҳои 2008-2009 дар шабакаҳои давлатии Русия ва Тоҷикистон чарх мезад мешиносанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сарояндаи тоҷик Манижа Сангин бо албоми ҷадид, таҳти унвони Manuscript ба саҳнаи Русия баргашт.

Моҳи феврал сурудҳои албом дар шакли онлайн дар сайти iTunes нашр шуданд. Худи ҳамон рӯз сурудҳои Манижа дар портали овозхонии асосии Русия дар сатри аввал ҷой гирифтанд.

Манижа Сангин щангоми суруд хондан - Sputnik Тоҷикистон
Сарояндаи тоҷик дар Русия: машҳуртарин шахси Петербург ва чеҳраи рӯзнома

Албом 8 суруд, панҷто бо забони англисӣ ва дуто бо забони русиро дар бар мегирад.

"Салом ман Манижа ҳастам. Ман 25-солаам вале 26-сол мешавад, ки бо мусиқӣ зиндагӣ дорам. Чор рӯз қабл ман албоми нави худро нашр кардам. Имрӯз ман дар Ню-Йоркам. То ҳол аз баромадани албомам боварам намеояд",-навиштааст сароянда дар саҳифаи худ дар интернет.

Имрӯз, 2-март аллакай сурудҳои Манижа расман ба дигар майдонҳои мусиқӣ роҳ меёбанд.

 

Ба қавли Манижа яке аз сурудҳои нав "Иногда"-барояш аҳамияти калон дорад, чун ба модараш бахшида шудааст.

 

Ҳашт сол қабл, солҳои 2008-2009 Манижа бо клипи суруди "Пренебрегаю" дар шабакаҳои телевиизонии Русия ва Тоҷикистон пайдо шуду, даррав дар дили мухлисони ду кишвар ҷой гирифт.

Аксари коршиносони соҳаи мусиқӣ он замон, ояндаи Манижаро дурахшон арзёбӣ карданд, вале каме баъд Манижа аз саҳна дур шуд ва сабаби аз саҳна рафтанаш номаълум монд.

 

Шурӯъ аз соли 2016, Манижа бо сурурдҳои ҷадиди 15-сониягӣ дар саҳифаи Instagram пайдо шуд. Сароянда дар ин шабакаи интернетӣ клипҳои ғайримаъмулӣ нашр мекард, ки аз ҷониби мухлисон ва ҳаводоронаш хеле хуш пазируфта шуданд.

Маълум,ки ӯ омода аст, санъати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Мусиқии ӯ, ҷои телевизиону радиоро танг карда, дар фазои интернет озодона ба дили мухлисон роҳ меёбад. Истифодаи Instagram ба сифати шабакаи паҳнкунӣ, Манижаро дар байни овозхонони касбии ҷаҳон машҳур кард. Чунин менамояд, ки санъати ӯ дар чаҳорчӯби маъмулӣ намеғунҷад.

 

Лентаи хабарҳо
0