Рустами Эмомалӣ ба таъмири мактабҳо ва боғчаҳои Душанбе пардохт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оиди таъмир ва азнавсозии якқатор мактабҳо ва кӯдакистони пойтахт қарор бароварда,барои ширкатҳои сохтмонӣ тендер эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ теъдоди ширкатҳои довталаб  маҳдуд набуда, эълон, иҷро ва баргузории он бар зиммаи "Раёсати сохтмони асосӣ" вогузор  мешавад.

Рустами Эмомалӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ваъдаҳои Рустами Эмомалӣ ба ҳайси мири шаҳр

Барои интихоби пудратчиёни иншооти "Сохтмони корпуси иловагӣ барои 640 ҷой дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти умумии №26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ",  "Азнавсозӣ  ва  таъмири  асосии  муассисаи таҳсилоти умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ", "Азнавсозӣ ва таъмири асосии муассисаи таҳсилоти умумии №95-и ноҳияи Сино" тендер баргузор шавад.

Ба ин рӯйхат ҳамчунин  "Азнавсозӣ ва таъмири асосии муассисаи таҳсилоти умумии №43-и ноҳияи Сино" ва "Таъмири асосии бинои кўдакистони №24-и ноҳияи Шоҳмансур" дохил мешаванд.

Эълон, иҷро ва баргузории тендер, барои ширкатҳои сохтмонӣ бар зиммаи  "Раёсати сохтмони асосӣ"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вогузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала