Нигаронии Раҳимзода аз ҷиноятҳои коррупсионии кормандони милитсия

© Фото : Аз хадамоти матбуоти ВКД ҶТМашварати вазири корҳои дохилии ҶТ бо кормандони милитсия
Машварати вазири корҳои дохилии ҶТ бо кормандони милитсия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ намуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи селекторӣ доир гардида, масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва риояи қонуният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа, вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳолатҳои даст задани кормандон ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштаро мавриди муҳокима қарор дод.

© Фото : Аз хадамоти ВКД ҶТМулоқоти вазири корҳои дохилии ҶТ бо кормандони милитсия
Мулоқоти вазири корҳои дохилии ҶТ бо кормандони милитсия - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти вазири корҳои дохилии ҶТ бо кормандони милитсия

Вазир зикр кард, ки кормандони милитсия бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта равона созанд.

Раҳимзода Рамазон аз содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ намуд.

Дар интиҳои ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Лентаи хабарҳо
0