Тоҷикистон ва САҲА то моҳи июн “оштӣ” карданд

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкСАҲА
САҲА - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ваколаташро дар Тоҷикистон ба ним соли дигар тамдид кард

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дафтари Созмони амният ва ҳакории Аврупо амали худро дар Тоҷикистон то тобистони соли 2017 тамдид кард.

"Дар маҷлиси Шӯрои САҲА дар Вена қарор қабул гардид, ки ваколати САҲА дар Тоҷикистон то моҳи июни соли 2017 дароз карда шавад", — омадааст дар хабар.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо- калонтарин ташкилоти минтақавӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки ба таркиби он 57 кишвари дунё ворид мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0