"Роҳи оҳани Русия" барои интиқоли мева аз Тоҷикистон тахфиф ҷорӣ намуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМеваҷот, акс аз бойгонӣ
Меваҷот, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Акнун тахфиф барои интиқоли меваю вабзавот ва меваи хушк низ амалӣ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ширкати русии ҶСК "Роҳи оҳани Русия" барои интиқоли мева аз Тоҷикистон 12, 8% тахфиф ҷорӣ намудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Шаҳри Ал-Қувайт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба Кувайт об, мева ва сабзавот интиқол медиҳад

Моҳи ноябри соли 2016 ширкат қарор қабул намуд, ки барои соҳибкорони тоҷик то охири соли 2017 сабукӣ ҷорӣ намояд. Он барои иниқоли сабзавоту мева ва меваи хушк аз Тоҷикистон ҷорӣ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар рафти сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон гуфта шуд, ки РОР тайёр аст ба Тоҷикистон имтиёзҳои худро пешниҳод кунад. Қайд карда мешавад, ки ин гуна тахфифҳо ба хоритири рушди муноҷибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия роҳандозӣ карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0