Ғолибияти навбатии Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико

© Фото : Аз саҳифаи фейсбуки Хушбахт ҚурбонмамадовҒолибияти Хушбахт Қурбонмамадов дар Бостон
Ғолибияти Хушбахт Қурбонмамадов дар Бостон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хушбахт Қурбонмамадов, гӯштигири тоҷик дар мусобиқаи навбатии байналмиллалӣ дар иёлоти Бостони Амрико, тамоми рақибонашро шикаст дода, мақоми аввалро аз худ кард

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар ин бора Хушбахт дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, барои дастгирии устод ва рафиқонаш изҳори миннатдорӣ кардааст. 

"Ташаккур ба ҳамаи рафиқонам, ки омада маро дар ин мусобиқа дастгирӣ карданд.Ташаккури зиёд ба устодам барои меҳнати бузург".

Публикация от Khushbakht Kurbonmamadov (@khush_judo1993) Мар 4 2017 в 8:24 PST

 

Хушбахт рӯзи 4-уми март дар мусобиқаи Jimmy Pedro's Judo Challenge  дар мусобиқаи ҷудо бо шаш нафар рақобат кард ва ҳамаи онҳоро шикаст доду мақоми аввалро сазовор шуд.

Ёдовар мешавем, ки ин ғолибияти нахустини Хушбахт набуда, қаблан ӯ дар сабқатҳои бонуфуз соҳиби ҳашт медал гардида буд. Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Garden State Judo Classic", ки 29-уми январ дар Ню Ҷерсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, ду медали тилло ба даст овард.

Хушбахт Курбонмамадов, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ғолибияти Хушбахт Қурбонмамадов дар сабқати ҷудо дар Ню-Йорк
 

Вай дар вазни то 66 кило дар ҳамаи панҷ қувваозмоӣ мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин, Хушбахт дар ин мусобиқа дар вазни то 73 кило бар чаҳор рақибаш пирӯзӣ ба даст овард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ҳамчунин ӯ  нахуст дар мусобиқаи "The Big Apple Judo Classic-2016" дар Ню-Йорк дар вазни то 66 кг мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин Хушбахт дар ин мусобиқа дар вазни то 73 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Баъдан Қурбонмамадов дар мусобиқаи дигар "51-st Annual Dallas invitational Judo", ки дар Техаси ИМА барпо гардид, барои ҷойи севум медали биринҷӣ гирифт.

Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи "18-th Annual Northeastern Judo Championships", ки дар иёлоти Ню Ҷерсии ИМА доир шуд, боз соҳиби се медал гардид. Ӯ дар вазни то 66 кг барандаи медали тилло шуд, дар вазнҳои то 73 кг ва то 100 кг медалҳои биринҷӣ гирифт.

Лентаи хабарҳо
0