Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи модарро ба бонувони Тоҷикистон табрик гуфт

Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи модарро ба бонувони кишвар табрик гуфт.

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи ҷашни "Рӯзи модар" имрӯз дар Кохи Борбад бо намояндагони бонувони кишвар дидор кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор гуфт: "Ба ифтихори ин ҷашни бисёр мубораку фараҳбахш, яъне Рӯзи модар, тамоми модарону бонувони мамлакат, фарзандони некбахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро аз самими қалб табрик гуфта, бароятон хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям".

Раисҷумҳур таъкид кард ки "дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст".

Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварии ин нукта ки "гузаштагони хирадманди мо ҳанӯз чанд ҳазор сол қабл ҷашни модарро бо номи «Сипандормуз» таҷлил мекарданд", афзуд: "Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад".

Лентаи хабарҳо
0