Тоҷикистон ва Швейсария ҳамкориҳо дар заминаи фароварии кониҳоро густариш медиҳанд

© Официальный сайт НБТБМТ бо ширкати Metalor созишнома баст
БМТ бо ширкати  Metalor созишнома баст - Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва раиси ширкати швейсарии “Metarol” қарордоди ҳамкорӣ дар заминаи фароварии филиззҳои гаронбаҳоро имзо карданд

УШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати швейсарии "Metarol" қарордоди ҳамкорӣ дар заминаи фароварии тилло имзо карданд.

Чуноне ки равобити умумии БМТ хабар медиҳад, ин қарордод дар чорчӯби сафари кории муовини аввали раиси БМТ Ҷамолуддин Нуралиев ба Швейсария ва дидору музокироташ бо раиси Ширкати истихроҷи маъодин Юксинг Шанг ба имзо расидааст.

Истихроҷ ва тасфияи филиззҳои гаронбаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла тилло, ҳамасола афзоиш меёбад. Чунончи, дар соли 2016 Тоҷикистон аз Чин дар коркарди 5 тон тилло кумак дарёфт карда, ки назар ба соли 2015 500 килуграм бештар аст. Ҳаҷми истихроҷи нуқра дар соли 2016 3,2 тонро ташкил дода, ки назар ба соли 2015 200 килуграм бештар аст.

Бино бар додаҳои Бонки миллӣ, 14 дарсад аз содироти кишварро дар соли гузашта тилло ташкил додааст. Швейсария яке аз ҳамкорони аслии тиҷории Тоҷикистон шумурда мешавад.

Коғазҳои қимматноки доллар ва сомонӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Захираи асъори тиллоии Тоҷикистон то 682 миллион доллар зиёд шуд

Швейсария яке аз аслитарин марказҳои коркарди тилло дар ҷаҳон аст. Ду севуми кулли тиллои истихроҷшуда дар ҷаҳон дар Швейсария тасфия мешавад. Ширкатҳои швейсарӣ дар як сол камобеш 2,7 ҳазор тон тилло коркард мекунанд.

Ширкати "Metalor Technologies" соли 1852 бунёд ёфтааст. Ин ширкат порсол ширкати Tanaka — бузургтарин фурӯшандаи тилло дар Ҷопонро аз ширкати сармоягузории фаронсавӣ "Astorg Partners" харидааст.

Бино бар омори БМТ, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016 6,9 дарсад рушд доштааст ки нисбат ба соли 2015 0,9 дарсад бештар аст ки 54,5 миллиард сомонӣ ё камобеш 7 милёрд дулорро ташкил додааст. Арзиши пули Тоҷикистон нисбат ба дулор дар соли 2016 то 10,8 дарсад коҳиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала