Киштиҳои Неруи дарёии Эрон меҳмони новгони Русия дар дарёи Хазар шуданд

© AFP 2023 / Jamejam Online/Ebrahim NorooziКиштиҳои низомии Эрон
Киштиҳои низомии Эрон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Киштиҳои Неруи дарёии Эрон меҳмони Новгони дарёи Хазар дар бандари Махочқалъа шуданд

ДУШАНБЕ, 10 март — Спутник. Киштиҳои Неруи дарёии Эрон дирӯз, 9 март, дар як дидори ғайри расмӣ вориди бандари Новгони дарёи Хазар дар Махочқалъа шуданд

Ду киштии Нерӯи дарёии Эрон дар дарёи Хазар — новшикани "Дамованд" ва мушакандози "Дирафш" — ро киштиҳои Новгони Русия дар дарёи Хазар "Град Свияжск", "Углич" ва "Великий Устюг" пешвоз гирифтанд ва то бандари Махочқалъа ҳамроҳӣ карданд.

Афзун бар маросими расмӣ, мизбонҳои русӣ барои меҳмонони эронӣ барномаҳои гардишӣ ва варзишӣ низ омода кардаанд. Чунончи, дар чорчӯби ин барнома бозии дӯстонаи минифутбол ва мусобиқоти тобоварии варзишӣ миёни дастаҳои Новгони Хазар ва Неруи дарёии Эрон баргузор хоҳанд шуд.

Ин севумин сафари дӯстонаи киштиҳои низомии Нерӯи дарёии Эрон ба пойгоҳҳои дарёии Русия дар чаҳор соли ахир аст.

Лентаи хабарҳо
0