Доллар дар Тоҷикистон “мисли доллар камёфт шудааст”, сомонӣ беқурб

© Sputnikдоллар ва сомонӣ, акс аз бойгонӣ
доллар ва сомонӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ваъияти бозори дохилии асъор назар ба соли гузашта устувортар аст

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik.Вазъияти бозори дохилии асъор устувор аст ва зери назорат қарор дорад, менависад дафтари матбуоти Бонки миллии ҶТ.

Қайд карда мешавад, ки вазъияти бозори дохилаи асъор хусусан назар ба соли гузашта устувортар аст.

Соли гузашта, дар ҳамин давра қурби сомонӣ нисбат ба доллар то 10,6% паст шуда буд, ҳоло бошад қурби доллар 5,75 боло рафтааст.

Боки миллии Тоҷикистон қайд мекунад,ки аз ҳад зиёд тағийр ёфтани асъор танҳо дар бозори нақд дида мешавад, аммо аз тамоми воситаҳо истифода бурда мешаванд то вазъият зери назорат гирифта шавад.

БМТ: вазъи бозори асъор дар кишвар мӯътадил аст

Қурби бозорҳои байни бонкӣ ва дохили бонкӣ дар навбати худ усутувор боқӣ мемонанд.

Қайд карда мешавад, ки ҳаҷми асосии харид ва фурурши асъори хориҷӣ  дар асоси ғайринақдӣ сурат мегиранд- дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ.

Раванди харид ва фурӯши асъори хориҷӣ байни бозорҳои байни бонкӣ дар ду моҳи охир то 20,1% зиёд гардидааст ва дар бозорҳои дохилибонкӣ  то 68,1% зиёд гардидааст. Дар бозори нақд бошад, танҳо 11,8%.

Мувофиқи БМТ ин далелҳо нишон медиҳанд, ки қисми асосии талабот ба асъори хориҷӣ бо пардохти моли содиршаванда вабаста аст.

Ин яке аз омилҳои асосӣ ҳангоми нигоҳ доштани нарх(сатҳи таваррум) аз аввали сол гардидааст.

Аммо қурби расмии доллар дар Тоҷикистон 8, 0846 сомониро ташкил медиҳад, санаи 7-уми март қурби муайянкардаи БМТ нисбат ба доллар  8, 0049 сомониро ташкил медод.

Дар заминаи баланд шудани қурби расмии доллар арзиши асъори амрикоӣ низ баланд мешавад. Нархи хариди доллар дар марказҳои мубодилаи асъори бонкҳо 8,13 сомонӣ ва дар фурӯш 8,15 сомониро ташкил медиҳад. Фуруши асъори амрикоӣ дар намуди маҳдуд ба роҳ монда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0