Устод Далер Назаров сафҳаҳои расмияшро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ боз кард

Обуна шудан
Устод Далер Назаров, овозхони барҷаста ва оҳангсози маъруф, дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Facebook ва Instagram сафҳаҳои расмӣ боз кард

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар ин бора Аслишо Акимбеков, дӯсти наздики Далер Назаров, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ гуфт: "Далер Назаров дар се шабакаи иҷтимоъӣ — YouTube, Facebook ва Instagram — бо унвони Daler Nazarov studio саҳфаҳои расмӣ боз кард".

Акнун дӯстдорони ҳунари беҳамтои Далер Назаров метавонанд аз сафҳаҳои расмияш дар бораи зиндагиву фаъолияти ҳунарии вай иттилоъ ба даст биёранд.

 

Дар ин сафҳаҳо аксҳо, сурудҳо, оҳангҳои нав ва мусоҳибаҳои овозхони машҳур гирд оварда шудаанд.

Гуфтанист, устод Далер Назаров фаро расидани баҳор ва ҷашни бонувонро бо оҳанги ҷадид дар YouTube табрик гуфт.

Пештар аз ин Парвиз Назаров, бародарзодаи Далер Назаров ва писараш Аброр Назаров суруди навашонро ки "Арфакен" ном дорад, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир карданд.

Ахиран ҳунармандон бештар аз шабакаҳои иҷтимоъӣ баҳра гирифта, сурудҳои худро пешкаши ҳаводорон мегардонанд. Бархе аз онҳо бо истифода аз ин фазои беканор шуҳрати беандоза касб кардаанд. Чунончи, Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики муқими Русия, аз роҳи интишори намоҳангҳои 15-дақиқаӣ дар Instagram миёни ҳунармандони пешакор маъруф шуд ва мухлисони худро пайдо кардааст.

Лентаи хабарҳо
0