Дидори Сатторов бо тоҷикони Новосибирск: аз омӯзиши забони миллӣ то арҷгузорӣ ба фарҳангу ойинҳои бумӣ

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар чорчӯби сафари расмии худ ба вилояти Новосибирск бо тоҷикони муқими ин минтақа дидор кард

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар ин дидор бо таъкид бар нақши ҷавонон дар афзоиши обрӯву эътибори кишвар дар арсаи байналмилаллӣ, аз суханони раисҷумҳур ёдовар шуд ва гуфт ки Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълом кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагони созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Новосибирск аз сафир барои роҳандозии давраҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои кӯдакон ёрӣ дархост карданд. Сафир гуфт ҳатман дар ин замина бо муҳоҷирон ёрӣ ва ҳамкорӣ хоҳад кард.

Имомуддин Сатторов ҳамчунин аз ҷамъомадагон даъват кард, ки забон, торих ва фарҳангу ойинҳои кишвареро,ки дар он буду бош доранд, бизмӯзанд ва арҷ бигзоранд.

Ҷавонон дар навбати худ аз фароҳам овардани шароити хуб барои таҳсил дар хориҷ аз ҳукумати кишвар сипосгузорӣ карданд.

© Фото : Аз хадамоти матбуоти сафорати ҶТ дар ФРВохӯрии Сатторов бо муҳоҷирони Новосибирск
Вохӯрии Сатторов бо муҳоҷирони Новосибирск - Sputnik Тоҷикистон
Вохӯрии Сатторов бо муҳоҷирони Новосибирск

Дар ин дидор ҳамчунин сарконсули Тоҷикистон дар Новосибирск Шамсиддин Зардӣ, сарконсули Тоҷикистон дар шаҳри Еатеринбург Сафар Сафаров, раиси намояндагии Вазорати кор ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Зоҳир Мирзозода ширкат доштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала