Шаҳрванди Тоҷикистон бо 8 килуграм ҳеруин дар Бишкек боздошт шуд

© Фото предоставлено Федеральной службой РФ по контролю за оборотом наркотиков Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар Қирғизистон боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар Бишкек як шаҳрванди Тоҷикистон аз вилояти Суғдро боздошт кардаанд.

Sputnik Қирғизистон ба нақл аз равобити умумии ВКД ҶҚ менависад, ки дар паи бозҷӯӣ аз худрави ин шаҳрванд 39 бастаи селуфонӣ бо 8 килуграм маводи мухаддир пайдо шуд.

Бозҷӯён ошкор кардаанд ки ин мавод ҳеруин буда ва қочоқчиён мехостаанд онро дар яке дигар аз кишварҳои минтақа бифурӯшанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала