Зӯрозмоии размикорон дар Доғистон ба ҷангу ҷанҷол миёни тамошобинон кашонд

Обуна шудан
Зӯрозмоии размикорон дар Доғистон ба ҷанг миёни тамошобинон кашонд

Зӯрозмоии размикорон Владимир Минеев ва Азиз Ҷуманиёзов дар Махочқалъа ба ҷангу ҷанҷол кашид.

Ин ду размикор чанде пеш дар пойтахти Доғистон рӯ ба рӯ шуданд. Пас аз поёни зӯрозмоӣ Ҷумъаниёзов Минеевро ки мехост аз замин бар по хезад, бо лагад кӯфт. Минеев низ дар посух муште ба ӯ зад. Тамошобинон аз ин занозанӣ ба шӯр омаданду ба майдон рехтанд ва ҳар кадоме дар пуштибонӣ аз размикори худ ҳаводорони ҳамнабардашро лату кӯб кардан гирифт.

Бархе аз тамошобинон аз балкон худро ба майдон андохтанд то дар ин заду хӯрд ширкат кунанд.

Пас аз фурӯкаш шудани ҷанҷол размикорон ба утоқи рахткан даромада аз якдигар пӯзиш хостанд ва дасти ҳамдигарро фишурданд.

Лентаи хабарҳо
0